Пайвандҳои дастрасӣ

Боздоштшудагони намози ҷумъаи Маскав раҳо шуданд


Мухаммад Эгамзод-сухангӯи сафортаи Тоҷикистон дар Маскав ба радиои Озодӣ хабар дод, ки 35 тоҷикистонии боздоштшуда баъд аз намози ҷумъа баъд аз бозпурсӣ раҳо шудаанд. 35 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон як ҷо бо 140 нафар шахрвандони мусулмонтабор дируз баъди адои намози чумъа дар Москва аз чониби макомоти кудратии пойтахт боздошт ва мавриди бозпурси карор гирифтанд.

Бино ба хабари сафорат, шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи "Донская"-и шаҳри Москва дар асоси дархости сафорат рӯйхати пурраи шаҳрвандони Тоҷикистонро дар ихтиёри сафорат гузоштааст ва таъйид намудааст, ки то ҳоло нафаре аз онҳо ба ҳайси гумонбар ба аъзогии гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ айбдор нашудааанд. Ҳамаи онҳоро шуъбаи корҳои дохилии номбаршуда раҳо намудааст.

Аммо шаҳрвандоне, ки асноди буду бош ва қайди муваққатӣ дар ин кишвар надоранд, ба Хадамоти муҳоҷирати Русия супурда мешаванд.
XS
SM
MD
LG