Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

5 нафарро дар робита бо рехтани боми корхона боздошт карданд


Пулиси Банглодеш 5 нафарро дар робита бо фурӯ рехтани боми корхонае ба зиндон андохт. Дар ин ҳодиса 340 нафар кушта шудаанд. Бинои корхона хеле заиф сохта шудааст ва он боиси харобӣ гардидааст.

Дар миёни боздоштшудагон раиси корхона ва хонуми соҳиби корхона ҳастанд. Худи соҳиби корхона фирор кардааст. Кормандони наҷот то ҳол ҷустуҷӯи одамонро идома медиҳанд ва мегӯянд, ба бовари онҳо мумкин аст дар зери овор тақрибан 15 нафари дигар зинда бошанд.

Бинои 8 табақаии корхона 24 апрел бар рӯи тақрибан 3 000 коргар фурӯ рехт.
XS
SM
MD
LG