Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои расидагӣ мошини сафоратро гунаҳгор медонад


Расидагиҳо ба ҳодисаи нақлиётии 29 декабри соли 2012 собит сохтааст, ки ин ҳодиса бо ширкати мошини сафоратхонаи Амрико дар Тоҷикистон рух додааст. Дар ин бора хабаргузории “Азия Плюс” хабар додааст. Дар ҳодисаи мазкур як мард шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида буд.

Акбар Бердиев-бародари марди 52 солаи кушташуда гуфт, ки бародараш Неъматҷонро мошини Volkswagen Tuareg бо рақамҳои 004 D 055 пахш кардааст ва ин мошин ба сафорати Амрико дар Тоҷикистон тааллуқ дорад. Соҳиби ин мошин баъд аз ду рӯзи ин ҳодиса Тоҷикистонро тарк кардааст.

То ҳол сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар бораи натиҷаҳои ин расидагӣ изҳори назар накардааст.
XS
SM
MD
LG