Пайвандҳои дастрасӣ

Толибони Афғонистон аз оғози ҳамлаҳои мавсимӣ хабар доданд


Нируҳои хориҷӣ дар Афғонистон

Тундравҳои Толибон дар Афғонистон эълон карданд, ки ҳамлаҳои мавсимии баҳориро оғоз хоҳанд кард. Онҳо гуфтаанд, дар ҳоле, ки нируҳои хориҷӣ ба хуруҷ омода мешаванд, дар саросари кишвар ба онҳо ҳамла хоҳанд бурд.

Дар як эъломия Толибон, ки рӯзи шанбе ба нашр расонданд, гуфта мешавад, ки онҳо ҳамлаҳои маргталабона ва “ҳамлаҳои дохилӣ” таввасути сарбозони афғонро дар пойгоҳҳои низомии нируҳои хориҷӣ ва ба биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ оғоз мекунанд.

Толибон ҳамчунин аз аҳолии маҳаллӣ хостаанд, ки дар як ҷо ҷамъ нашаванд ва ё бо нируҳои пулис ва ё хориҷӣ ҳамроҳ нашаванд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG