Пайвандҳои дастрасӣ

Як раҳбари гурӯҳи тундрави исломӣ дар Доғистон кушта шуд


Русия мегӯяд, дар ҷумҳурии Доғистон дар як тирандозӣ бо нируҳои пулис шаби гузашта як тундрави исломӣ кушта шудааст. Рӯзи шанбе Кумитаи милии зиддитеррористии Русия гуфт, Боқир Оқобоев-раҳбари гурӯҳи мусаллаҳи Хива замоне кушта шуд, ки пулис хост мошини онҳоро барои тафтиши ҳуҷҷат нигоҳ дорад, вале аз мошин ба сӯи посгоҳи пулис оташ кушодаанд. Дар оташи ҷавобӣ Боқир Оқобоев кушта шудааст.

Алберт Ёров-яке аз ёрони Оқобоев низ дар тирандозии дуҷониба кушта шудааст. Оқобоев дар ҷустуҷӯи пулис қарор дошт. Моҳи феврал дар як гузориш омада буд, ки Оқобоев дар амалиёти нируҳои амниятӣ кушта шудааст.

Гурӯҳи тундравони мусаллаҳи Хива бахше аз созмони “Гурӯҳи Ҷанубӣ” аст ва барои кушторҳои зиёд дар Доғистон муттаҳам дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG