Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони дастаҳои мунтахаби наврасону ҷавонони Тоҷикистон муайян шуданд


Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё - Куала-Лумпур қуръакашии мусобиқаи интихобии қақрамонии Осиё байни наврасон (U-16) ва ҷавонон (U-19) баргузор шуд.

Аз рӯи қуръакашӣ дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти рахбарии мутахассиси ҷопонӣ Чикаши Сузуки ба гурӯҳи «А» шомил шуд ва бо тимҳои Кувайт, Ҳиндустон, Лубнон ва Бутан рақобат мекунад. Бозиҳои ин гурӯҳ тирамоҳи соли равон дар Ал-Кувайт барпо мегардад.

Ғолибони 10 гурӯҳ ва 5 дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни наврасон (U-16), ки соли оянда дар Тайланд баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бо роҳбарии сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров дар гурӯҳи «D» бозӣ мекунад. Рақибони Тоҷикистон тимҳои Эрон, Арабистони Саудӣ ва Лубнон мебошанд. Бозиҳо дар пойтахти Эрон –Теҳрон тирамоҳи соли ҷорӣ баргузор мешаванд.

Ғолибони 9 гурӯҳ, инчунин, 6 дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум ба сабқати ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё (U-19), ки моҳи октябри соли 2014 дар Мянмар барпо мегардад, роҳхат мегиранд.


Натоиҷи қуръакашии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни наврасон (U-16):
Гурӯҳи«А»: Кувайт (мизбон), Ҳиндустон, Тоҷикистон, Лубнон, Бутан.
Гурӯҳи «В»: Узбакистон (мизбон), Яман, Фаластин, Молдив.
Гурӯҳи «С»: Ироқ, Баҳрайн, Непал (мизбон), Туркманистон.
Гурӯҳи «D»: Сурия, Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Урдун (мизбон).
Гурӯҳи «Е»: Эрон, АМА, Покистон (мизбон), Шри-Ланка.
Гурӯҳи «F»: Умон, Қатар, Бангладеш, Қирғизистон (мизбон).
Гурӯҳи «G»: Австралия, Сингапур, Ҳонконг, Тайван, Макао.
Гурӯҳи «Н»: Кореяи Ҷанубӣ, Лаос (мизбон), Малайзия, Гуам, Бруней.
Гурӯҳи «I»: Чин, Кореяи Шимолӣ, Мянмар, Чазоири Мариани Шимолӣ.
Гурӯҳи «J»: Ҷопон, Индонезия, Вйетнам, Филиппин.

Натоиҷи қуръакашии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни ҷавонон (U-19):
Гурӯҳи «А»: Узбакистан, Қатар (мизбон), Ҳиндустон, Туркманистан, Непал.
Гурӯҳи «В»: Урдун (мизбон), АМА, Яман, Молдив, Афғонистон.
Гурӯҳи« С»: Ироқ (мизбон), Кувайт, Покистон, Бангладеш.
Гурӯҳи «D»: Эрон (мизбон), Арабистони Саудӣ, Лубнон,Тоҷикистон.
Гурӯҳи «Е»: Сурия, Умон, Баҳрайн, Фаластин (мизбон).
Гурӯҳи «F»: Австралия, Вйетнам, Тайван, Муғулистон, Ҳонконг (мизбон).
Гурӯҳи «G»: Кореяи Чанубӣ, Индонезия (мизбон), Лаос, Гуам, Филиппин.
Гурӯҳи «Н»: Кореяи Шимолӣ, Тайланд (мизбон), Сингапур, Бруней.
Гурӯҳи «I»: Ҷопон, Чин (мизбон), Малайзия, Макао.
XS
SM
MD
LG