Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросимҳои 40 солагии ҲНИТ оғоз шудааст


27 апрел Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон чиҳилумин солгарди таъсиси худро ҷашн мегирад. Дар шаҳри Душанбе дар қароргоҳи марказии ин ҳизб дар Душанбе, бо ҳузури меҳмонони хориҷӣ, мақомоти давлатӣ, намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеаи маданӣ, аҳли адабу фарҳанг, сафирони кишварҳои хориҷии муқими Душанбе ва рӯзноманигорон маросими таҷлил аз 40-уми солгард оғоз шудааст.

ҲНИТ мегӯяд, барои ширкат дар ин маросим беш аз 20 тан меҳмонони хориҷӣ аз Туркияву Эрон ва Русия ташриф овардаанд

Ба гуфтаи ин манбаъ, даъватшудагон аз Миср, Покистон, Афғонистон, Тунис ва дигар кишварҳо бинобар дарёфт накардани раводид натавонистаанд ба Тоҷикистон сафар кунанд.

Ин ҳизб ҳоло дар суфуфи худ 40 ҳазор нафар аъзо дорад ва соли 1973 ташкил шудааст.
XS
SM
MD
LG