Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо ҳадафи ба касбҳои мухталиф фаро гирифтани ҷавондухтарону писарон, марказҳои касбомӯзиро ташкил кардааст.

Тоҷиддин Ғоибов, муовини директории Маркази касбомӯзии соҳибкории назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии шуғли аҳолӣ гуфт, ки дар ин марказ беш аз 43 ихтисос, аз ҷумла сохтмончӣ, кафешгари барқӣ, барқчӣ, хиштчин, мураббия, дӯзандагӣ, муҳосибот, таълими забонҳои англисӣ, русӣ, кореягӣ ва ғайраҳо омӯзонида мешаванд.

Аммо тасдиқ кард, ки воқеан бархе аз ҷавонон, ба хусус духтарон пас аз хатми курсҳои кутоҳмуддат соҳиби ҷойи кор намешаванд. Вай сабаби ин амрро чунин шарҳ дод, «аз сабаби он ки корхонаҳои хусусӣ зиёд шудааст, на ҳама соҳиби ҷойи кор шуда метавонанд. Ин корхонаҳо мустақиланд ва касеро хоҳанд ба кор мегиранд.»

Бо ин ҳам ҷаноби Ғоибов бар ин назар аст, ки аз ҷумлаи хатмкунандагони курсҳои ин марказ, ҳудуди 70 дар сад соҳиби ҷойи кор мешаванд, танҳо 30 дар сади дигар боқӣ мемонанд, ки ба сабабҳои мухталиф ҷои кор намеёбанд.

Парвини Холназар, ҷавондухтар аз ноҳияи Рӯдакӣ, ду соли пеш мактаби миёнаро хатм кард, аммо имкони ба донишгоҳ дохил шуданро надошт. Бинобар ин вай дар хона монд, вале ин мушкилотеро барои вай пешорӯ овард. Чун мақоли «аз одами бекор, ҳама безор», Парвин низ барои хонавода ба истилоҳе «дарди сар» шуд.

Маҳз ин вазъ ӯро водор кард, то ба курсҳои кутоҳмуддати мураббиягӣ равад ва пас аз шаш моҳи таҳсил соҳиби диплом ё шаҳодатномаи маълумоти нопурра шуд. Парвин мегӯяд, се моҳи аввал ба таври ройгон таҳсил кардааст, вале се моҳи баъдиро бо пардохти маблағи 200 сомонӣ пушти сар намуд. Аммо дар поёни таҳсил барои ӯ ва шарикдарсонаш гирифтани диплом ба мушкилӣ муяссар гардид. Зеро марказ барои гирфтани диплом аз онҳо боз 50 сомонӣ талаб кардааст: «Ҳамсабақонам аз шаҳри Норак, ноҳияи Ванҷ ҳам буданд. Духтарҳои аз Ванҷ омада пул надоштанд, аммо қарз гирифта дипломҳояшонро гирифтанд, аммо аксарашон духтарҳои ноҳияи Рӯдакӣ буданд.»

«Болои сӯхта намакоб» бо он, ки дипломро бо пардохти маблағ Парвин соҳиб шуд, аммо соҳиби ҷойи кор нагардид. Чун ба таъкиди Парвин, вай ба чаҳор кӯдакистони ноҳияи Сино барои кор муроҷиат кард, аммо ӯро ба кор нагирифтанд. Масъулони кӯдакистон маҳз дипломи маълумоти нопурраи Парвинро баҳона пеш оварданд ва гуфтанд, ки танҳо дипломи донишгоҳ бояд дошта бошад.

Мавлуда Сайидшарифова, дигар аз ҷавондухтаре низ бо Парвини Холназар ҳамсабақ аст. Вай низ гуфтаи Парвинро тасдиқ кард: «Вақте дипломҳоямонро оварданд, гуфтанд, ки шуморо ба кор мегиранд, лекин ба чанд кӯдакистон рафтем, гуфтанд, дипломи нопурра доред, наметавонем шуморо ба кор қабул кунем.»

Раҷабалӣ Гулшанов, муовини сардори Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии Вазорати меҳнат мегӯяд, ки ин ниҳод барои таҳсили 100 ҳазор ҷавонон замина ва шароитро фароҳам созад. Зеро ба таъкиди вай, ин дастури бевоситаи раиси ҷумҳур ба вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ аст. Аммо Раҷабалӣ Гулшанов шарҳ надод, ки ин ҷойҳои кор аз кадом ҳисоб эҷод мешаванд.

Аммо Шавкат Бозоров, раиси ассосиятсияи менеҷерони Тоҷикистон мегӯяд, мутаассифона дар бозорҳои кории мо корфармое, ки ба принсипҳои бозор мувофиқ бошанд, дида намешаванд. Бинобар ин механизми тайёр кардани кадрҳо ва ё омӯзиши курсҳо низ ба талаботи бозори имрӯза ҷавобгӯ нестанд.

Вай гуфт, «мо талаботи бозорро объективӣ пешниҳод карда натавониста истодаем. Барои он ки ҳар як кас аз рӯйи принсипҳои субъективии худаш қабул мекунад. Хешу таборӣ, одами боэътимод нисбат ба худаш ва бизнеси худаш. Аз ин нуктаи назар, ин проблема на танҳо проблемаи як соҳа аст, балки мушкили умумии тайёр кардани сифати кадрҳост. То ин чизро пурра наомӯзем, ҳал шудани ин проблема душвор аст.»

Шавкат Бозоров аз он изҳори таассуф кард, ки барои баргузории давраҳои касбомӯзӣ, аз буҷаи давлат маблағҳои зиёде сарф мешавад, аммо мониторинг ё дар амал иҷрошавии самараи ин лоиҳаҳо назорат карда намешавад, ки дар ниҳоят иқдомоти ҳукумат натиҷаи дилхоҳ ба бор намеорад.
XS
SM
MD
LG