Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пас аз се талоши бебарор барои сабти радиои маҳаллӣ рӯзноманигорони Кӯлоб аз президенти кишвар дархост карданд, то иҷозаи фаъолияти радио дар ин минтақаро диҳад.

Дар як номаи дастаҷамъӣ ба унвони Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар беш аз 20 рӯзноманигорои маҳаллӣ навиштаанд: «Бештар аз 20 сол аст, ки дар шаҳри Кӯлоб, ки сеюмин калонтарин шаҳри Тоҷикистон ва маркази маъмурии яке аз бузургтарин минтақаҳои кишвар маҳсуб меёбад, радиои маҳаллӣ фаъол нест. Барои Шумо маълум аст, ки радио ҳамчун дастгоҳи пурқудрати идеологӣ дар тарғиби сиёсати давлат, ташвиқи ғояҳои миллӣ ва албатта расонидани иттилои зарурӣ ба мардум нақши муасир мебозад. Айни замон надоштани як хадамоти пурқудрати хабарӣ ба фалаҷ гаштани шабакаи иттилотӣ оварда мерасонад, ки аз ин камбудӣ рақибон ва ҳарифони мо метавонанад бе малол истифода кунанд.»

Дар ҳамин ҳол, Саид Раҳмон, муҳаррири барномаҳои радиои собиқ вилояти Кӯлоб дар замони шӯравӣ мегӯяд, дар минтақаи Кӯлоб наздики 30 дарсади аҳолии Тоҷикистон сукунат дорад, ки бо набудани як дастгоҳи хабаррасонӣ, дар холигоҳи иттилоотӣ қарор доранд. Ӯ мегӯяд, таъсиси як радиои ҷадид, хоҳ давлатӣ ва ё ҷамъиятӣ ба манфиати ҳукумати марказӣ хоҳад буд.

«Ин рӯйдодҳое, ки дар минтақа мешавад, ба қадри лозим онҳоро радиову телевизионҳои марказӣ нашр намекунанд. Барои ин онҳо ҳақ ҳам доранд, зеро чизҳое ҳаст, ки хоси ҳамин минтақа ҳаст, аммо бояд аз баргузории онҳо сокинони худи ҳамин минтақа огоҳ бошанд. Мисле, ки дар радиои Кӯлоб тамоми даъвату ободкориҳоро дар ноҳия мо тариқи он анҷом медодем. Таъсири радио хеле калон аст, барои ҳамин зарур медонем, ки он таъсис ёбад.»

Рӯзноманигорон мегӯянд, набудани як дастгоҳи ташвиқу тарғиботии сартосарӣ аксаран дар минтақаи Кӯлоб боиси паҳн шудани овозаҳои бардурӯғ мешавад. Ҷаҳонгири Рустам, як рӯзноманигори ҷавон мегӯяд, ҳоло ҳар рӯз овоза паҳн мешавад, ки дар Восеъ ва ё дар як кӯчаи Кӯлоб ҷасади кӯдакеро дарёфт кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, мардум аксаран ба ин овозаҳо дода мешаванд ва воқеӣ буданро қабул мекунанд. Аз ин рӯ, Ҷаҳонгир мегӯяд, мавҷудияти як расонаи минтақавӣ метавонад, дар зудтарин фурсат воқеиятро ба мардум бирасонад:

«Ҳоло дар ин ҷо ягон рӯзномае, ки ба ҳама сокинон бирасад, нест. Телевизиони маҳаллии сартосарӣ ва радио низ вуҷуд надорад. Сабаби паҳн шудани овозаҳо ва то дергоҳ ҳамчун ҳақиқат боқӣ мондани овозаҳои бардурӯғ набудани ҳамин чиз аст. Ҷавонон имрӯз дар Душанбеву дигар минтақаҳо дар мошинҳои худ ҳамеша радио гӯш мекунанд. Аз ин нуқтаи назар фикр мекунам, ки аз ҳама ҷиҳат ташкили радио ба манфиат мувофик аст.»

Барои таъсиси як радиои ҷамъиятӣ дар Кӯлоб рӯзноманигорон давоми даҳ соли ахир се бор талош карданд, аммо мақомоти марбута барои сабти радиои маҳаллӣ розӣ нашуданд. Як рӯзноманигори маҳаллӣ, ки нахост номашро сабт кунем, гуфт, дар арафаи интихоботи президентӣ иҷозаи таъсиси радиои ҷамъиятӣ мисли хайёл аст. Аммо ӯ мегӯяд, онҳо дар ин сол аз таъсиси радиои ҷамъиятӣ даст кашидаанд ва ҳатто ба таъсиси як радиои давлатии маҳаллӣ розӣ ҳастанд: «Имсол маълум аст, ки як соли ҳасcос аст. Ба ин хотир бигзор як радиои давлатӣ таъсис ёбад ва танҳо хабарҳои минтақаро пахш кунад. Муҳим, ки як дастгоҳи хабаррасонӣ бошад.»

Феълан, дар минтақаи Кӯлоб, ки даҳ шаҳру навоҳии вилояти Хатлонро муттаҳид мекунад, ягон ҳафтаномаву телевизиони сартосарӣ фаъол нест. Телевизиони «Мавҷи Озод»-и ноҳияи Восеъ танҳо дар ҳудуди ин ноҳия ва телевизиони Кӯлоб дар ҳудуди ин шаҳр имкони пахши барномаҳояшонро доранд. Радиои Кӯлоб пас аз пошхӯрии шӯравӣ дигар рӯи мавҷ нест.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG