Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ зимни суханронии худ ба муносибати 40-умин солгарди таъсисёбии ин ҳизб, ҳама роҳбарони аҳзоби сиёсӣ ва рӯшанфикронро ба як муколамаи миллӣ даъват кард.

Ҷаноби Кабирӣ гуфт, ки кишвару миллат дар душвортарин ҳолат қарор дорад ва ба гуфтаи вай, ба ин нукта раисҷумҳури Тоҷикистон низ дар паёмаш ба парлумон, ишора кардааст: «Мӯҳтарам роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, сар аз ҳизби Халқӣ демократӣ то ба ҳизби тоза таъсиси «Тоҷикистони нав». Биёед даври ҳам нишинем, ки бо ин миллату давлат чӣ бояд кард. Мо иштибоҳҳои шадиди ҳукуматро нодида гирифта танқид накардем. Чун гуфтем дар рӯзҳои душвор аст ҳукумат, бояд дасташро бигирем, то аз душвориҳо бигзарем. Ҳукумате, ки аз он умедвор будем, дар фикри ҳамаи миллат ҳаст ва фикри моро низ мекунад. Вале анун дарк кардем, ки ҳукумат танҳо дар андешаи як гурӯҳи хос ва табақа асту тамом.»

Ҷаноби Кабирӣ бо ишора ба сарди гаравидани равобити ҳукумати Тоҷикистон бо баъзе кишварҳо гуфт, ки «чаро вақте дар хориҷ душворӣ доред, дар дохил душман ба вуҷуд меоред ва бо шаҳрвандони худатон забон намеёбед!»

Ҳамзамон Кабирӣ аз фишору монеасозиҳои ҳукумат дар амри баргузории ҷашни 40-солагии ҲНИТ ёдовар шуда гуфт, маҳз дар соатҳои ҷашни 40-солагии ин ҳизб, дар аксари донишгоҳҳо ва мактабҳои кишвар вохӯрии падару модарон ва фаъолон ташкил карда шудааст, дар ҳоле, ки аксарияти меҳмонони даъваткардаи ҳизб, аз ҳисоби ҷомеаи шаҳрвандӣ будаанд. Дар ҳамин росто Муҳиддин Кабирӣ гуфт, аксарияти меҳмонони аз ҳориҷ даъватшуда натавонистанд дар ин ҷашн иштирок кунанд ва афзуд, ки ин давлат моли шахсии касе нест, ки ҳар гоҳе хоҳад меҳмон даъват кунад, гусел кунад ва баъд калидро дар ҷайбаш андозад.

Бо ин вуҷуд масъулони равобити хориҷии ҲНИТ гуфтанд, ки ҷиҳати ширкат дар ин маросим беш аз 20 тан меҳмонони хориҷӣ ташриф оварданд, ки миёни онҳо Мустафо Камолак, раиси ҳизби «Саодат»-и Туркия, Муҳаммад Батук, намояндаи ҳизби ҳокими «Адолат ва тавсеа»-и ҳамин кишвар, Саидмусо Мусавӣ, қоиммақоми дабири кулли Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиб аз Эрон, Ҳайдар Ҷамол, сиёсатмадор ва рӯҳонии маъруфи Русия, Роберт Нагидиянов, намояндаи вижаи муфтиёти Русия дар умури кишварҳои ИДА, ҳузур доранд.

Суҳроб Шарифов

Суҳроб Шарифов

Бояд гуфт, ки дар давоми суханронии ҷаноби Кабирӣ дар маросими 40-солагии ҲНИТ итифоқи аҷибе низ рух дод. Як нафар аз ёварони ӯ ба вай паём расонд, ки маъмурияти «Гранд ҳотел»-и Душанбе дар як тамоси телефонӣ аз додани хӯроки шом ба меҳмонони ҲНИТ даст кашид, чунки дари тарабхонаашро бастаанд. Аммо дақиқан баъд аз панҷ дақиқа боз ҳамон ёвар хабар овард, ки иҷозати зиёфати шом дар ин ҳотел содир шудааст. Кабирӣ бо истиқбол аз ин хабари хуш гуфт: «(Кабирӣ) алъон занг заданд, ки биёед мо пазироӣ мекунем. Ташаккур ба роҳбарияти кишвар, ки иҷоза доданд, ки мо дар ин ресторан хӯроки шом хӯрем».

Ба табрики аъзони ҲНИТ намояндагони сафоратҳои кишварҳои хориҷии муқими Тоҷикистон, роҳбарони аҳзоби сиёсии дигар ҳам ҳозир шуда буданд. Аз афроди наздик ба ҳукумати Тоҷикистон танҳо вакили парлумон аз Ҳизби халқӣ- демократӣ Суҳроб Шарифов ҳузур дошт. Вай зимни суханони табрикии хеш аз ҷумла гуфт: " Ҳизби наҳзат марҳилаи муҳимро пушти сар гузошт ва ҳоло мо дар марҳалаи ҳассос ҳастем, Ҳизби наҳзат ин масъулиятро дарк мекунад ва барои шаъну шараф ва имон нерӯи худро харҷ мекунад. Ҳарчанд порлумон ҷои баҳс аст, аммо вақте манофеъи давлат дар пеш аст, мо ҳама аз як гиребон сар мебарорем".

Вай ба унвони мисол ба изҳороти муштараки порлумони Тоҷикистон нисбати Думаи давлатии Русия дар рӯзҳои ахир ишора кард, ки кулли ҳизбҳои парлумонӣ онро дастгирӣ карданд.

Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода

Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода

Ҳамзамон, Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, аз рӯҳониёни маъруфи тоҷик зимни суханронии худ дар ин нишаст гуфт, ҳизбҳои сиёсӣ дар ҷомеа набояд барои гуногунандешӣ, мавриди таъқиб қарор бигиранд. Вай афзуд: «ҳар давлат ва ҳар ҷомеае, ки дар он инсон худро озод ва вораста эҳсос менамояд ва шарофати ӯ ҳифз мешавад ва ӯ аз имтиёзҳо ва неъматҳои модию маънавӣ бархӯрдор аст, ин давлат ва ин ҷомеа исломист, бале, мо фақат ҳаминро аз Тоҷикистон мехоҳем, на номи Ҷумҳурии исломии Тоҷикистонро."

Ба таъкиди оқои Тураҷонзода, ҳама ҳизбҳои сиёсӣ истиқлолияти Тоҷикистонро эҳтиром намуда, хоҳони рушду ободии кишвар мебошанд ва барои ин роҳҳои гуногунро пешниҳод менамоянд.

Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон соли 1973 аз сӯи Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва чаҳор тан аз ёронаш дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба таври пинҳонӣ ба фаъолият шуруъ кардааст. Ҳарчанд масъулини ҲНИТ 40 солагии онро таҷлил мекунанд ва ин ҳизб танҳо дар соли 1991 расман сабти ном шудааст, вале Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 1993 фаъолияти онро манъ карда буд.

Баъди имзои созишномаи сулҳ ҲНИТ соли 1999 дигарбора сабтином шуд. Тибқи оморе охире, ки масъулони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон эълон доштанд, шумори аъзоёни он ба 41 000 нафар расидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG