Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истифодаи силоҳи химиявӣ дар Сурия таҳқиқ мешавад


Қасри Сафед мегӯяд, президенти ИМА Барак Обама мунтазири “натиҷагирии возеҳ” дар мавриди истифодаи силоҳи химиявӣ бар зидди ошӯбгарони Сурия аст. Манбаъҳои мухталиф режими президенти Сурия Башор ал-Асадро бо истифодаи силоҳи химиявӣ дар муқобили ошӯбгарон муттаҳам мекунанд. Рӯзи ҷумъа сухангӯи Қасри Сафед Ҷей Карнӣ гуфт, ҳоло ягон чорчӯби вақтии қабули қарор дар мавриди Сурия тарҳрезӣ нашудааст. Ӯ афзуд, ки Қасри Сафед мунтазири натиҷагирии возеҳи хадамоти кашф аст. Рӯзи ҷумъа Иттиҳодияи Аврупо аз мақомоти Сурия талаб кард, ки ҳайати СММ-ро барои тафтиши эҳтимоли истифодаи силоҳи химиявӣ ба ин кишвар роҳ диҳанд. Рӯзи панҷшанбе Қасри Сафед бар пояи иттилои хадамоти кашф гуфта буд, ки эҳтимол нерӯҳои содиқ ба президент Башор ал-Асад аз силоҳи химиявӣ кор гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG