Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳоии шартии узви гурӯҳи Пусӣ Райот рад шуд


 Надежда Толоконникова

Надежда Толоконникова

Додгоҳи минтақаи Мордовияи Русия дархости раҳоии шартии Надежда Толоконникова-яке аз ду узви зиндонии гурӯҳи ҳунарии Пусӣ Райот (Pussy Riot)-ро рад кард.
Додрас Лидия Яковлева ҳукмашро ин гуна ироа намуд:
Дархости вакили мудофиа Ирина Хрунова, ки аз номи маҳкумшуда Надежда Толоконникова, мутаваллиди 7-уми ноябри соли 1989 пешкаш шудааст, рад шуд.”
Рӯзи ҷумъа додгоҳ иброз дошт, ки пеш аз муҳокима маъмурияти зиндон аз додгоҳ тақозо карда буд, ки дархости Толоконниковаро рад кунад, зеро ӯ аз кардааш пушаймон нест ва қонунҳои зиндонро риоят намекунад. Узви дигари Пусӣ Райот Мария Алехина дар яке аз зиндонҳои вилояти Перм нигаҳдорӣ мешавад. Толоконникова ва Алехина баъди як намоиш ё худ перформанс дар калисои Исои Наҷотбахши Маскав дар моҳи феврали соли гузашта, моҳи августи гузашта ҳар яке ба муддати ду сол бо ҷурми “авбошии ҳамроҳ бо нафрати динӣ” аз озодӣ маҳрум шуданд.
XS
SM
MD
LG