Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорат боздошти тоҷиконро таҳқиқ мекунад


Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев ба сохторҳои марбутаи сафорат дастур додааст, ки қазияи боздошти мусулмонон дар масҷиди назди метрои Павелетскии Маскавро пайгирӣ кунанд. Сафорати Тоҷикистон изҳори умед кардааст, ки ин амал ба радду бадали рӯзҳои ахир, ки миёни Русияву Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастааст, иртиботе надорад.

Муҳоҷирони тоҷики муқими Маскав мегӯянд, 26-уми апрел баъди намози ҷумъа ходимони полис ва хадамоти амниятии Русия дар масҷиди назди истгоҳи метрои Павелетская даҳҳо намозгузори тоҷикро боздошт ва дар автобусҳо ба пойгоҳҳои умури дохилӣ дар минтақаҳои Авиамоторная, Каширка ва манотиқи дигари Маскав интиқол доданд.

Дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ муҳоҷирони тоҷик иттилоъ доданд, ки аз миёни боздошшудаҳо он муҳоҷирони тоҷике, ки шиносномаи Русия доранд, бидуни суол раҳо шудаанд. Ҳамчунон 25 муҳоҷири тоҷик ба идораи умури дохилӣ дар минтақаи Авиамоторная интиқол ёфтанд.

Дар сӯҳбати телефонӣ муҳоҷирони боздоштшуда ба ҳамкоронашон хабар додаанд, ки аз миёни 25 нафари боздошшуда дар минтақаи Авиамоторная 8 нафар, ки донишҷӯй буданд, баъди тафтиши ҳуҷҷатҳо озод шуданд.

Рӯзи ҷумъа хабаргузории Ассошиэйтед пресс ҳам итттилоъ дод, ки мақомотамниятӣ ва полиси Маскав бо иттиҳоми даст доштан дар ифротгароии исломӣ дар яке аз масҷидҳои пойтахти Русия 140 нафарро боздошт намудааст. Дар изҳороти хадамоти амниятии Русия омадааст, ки аз байни боздоштшудаҳо 30 нафар шаҳрвандони кишвари хориҷӣ ҳастанд.

Моҳи феврал ҳам дар шаҳри Санкт Петербург шумори зиёди муҳоҷирони тоҷик ҳангоми намозгузорӣ боздошт шуда буданд ва баъд мақомоти Русия камаш панҷ муҳоҷири тоҷикро аз русия ихроҷ намуданд.
XS
SM
MD
LG