Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Метаморфизм - равандест, ки зери фишору дараҷаҳои баланд, як ҷинси кӯҳӣ ва ё минерале ба дигар иваз мешавад. Ин раванди табиист, аммо метавонад ба ҳамин маъно дар ҷамъият низ ҷой дошта бошад.

Муаллиф Замониддин Насриддинов

Метаморфизми миллати тоҷик – чунин ном гузоштам раванди тағйири рукнҳои бунёдии як миллатро.

Забон миллатро дигар мекунад

Нишонаи асоситарини миллат - забон аст. Вақте, ки бо дигар забон сӯҳбат мекунанд ин маънои онро надорад, ки донандаи забон муаррифӣ кунандаи он миллат аст. Намояндагони миллате, ки забони адабии худро намедонанд ё намефаҳманд ва дар умум сӯҳбат кардан наметавонанд, аллакай он гурӯҳеро ташкил медиҳанд, ки дар равияи метаморфизм қарор доранд. Бо камоли бовар гуфта метавонам, ки 40% -и тоҷикон забони адабиро намедонанд, адабиёту навиштаҳои ниёконашонро қариб тамоман намефаҳманд ва ду-се ҷумлаи дуруст ҳам навишта наметавонанд. Ва чунин ҳолатро ба худ роҳат медонанд ва дар ҳама холат ва сатҳҳо бешармона аз ин тариқ сӯҳбат мекунанд ва ҳам талаб мекунанд то барояшон фаҳмотар – яъне боз дар равияи кӯчагӣ сӯҳбат кунанд. Ва ҳам қисме ҳастанд, ки куллан ба забони дигар “гузаштаанд” ва ҳеҷ гоҳ бо забони модариашон сӯҳбат намекунанд.

Равандҳои тараққиёти ҳама сатҳҳо ба забони миллие, ки ба он саҳмгузор нест, фишор оварда, истифодашавии он забонро хеле танг мекунанд. Дар ин замина хомӯш мондани ҷараёнҳои ҷавобӣ ба ин равандҳо, яъне тарҷумонию омодасозии дастурамалу китобу воситаҳои иттиллоотӣ хатари ҷиддие ба бақои забони миллӣ мезанад. Дар ин замина метавон забони тоҷикиро дар фазои иттиллоотӣ ва барномаҳои компютерӣ мисол овард, ки ягон барномаи миллӣ мушоҳида намешавад ё хеле кам аст. Ва дар ояндаи наздик ин фазо тамоман номумкин мешавад.

Оила миллатро дигар мекунад

Оила сарчашмаи асоситарини тавлид, тарбия ва пойдории миллат аст. Бо равандҳои ҷаҳонишавӣ, ки таъсир ба миллати тоҷик низ расонидааст, шакли озоди сохтани оила ҳарчӣ бештар расм мешавад. Барпо кардани оила бо намояндагони дигар қавму миллатҳо ба тавлиди насли наве, ки дар дуроҳа қарор мегирад, асос мегузорад. Ин насл роҳи худро интихоб хоҳад кард, ки ба таъсири яке аз волидон бастагӣ дорад.

Шаҳрвандӣ миллатро дигар мекунад

Аҷдодони тоҷик дар ҳар гуна давлатҳо зиндагӣ кардаанд. Соҳибқаламу соҳибунвон гаштаанд ва ҳам ба забони онҳо эъҷод кардаанд, вале тоҷик боқӣ мондаанд, ҳарчанд наслҳое баъд аз дигар миллатҳо аз барои талоши милликунонии ин фардҳо ҳаракат мекунанд. Аммо пас аз онҳо дигар касе нест. Ин чӣ маъно дорад? Яъне пас аз он намояндагон, ки «шаҳрвандӣ» қабул карданд, наслҳои онҳо, агар шояд аз падаронашон зиёдтар офаридаанд, ҳамчун намояндагони дигар миллат муаррифӣ шуданд. Ин аст, ки мо дигар ҳеҷ гуфта наметавонем, ки фарзанду ақрабои он намояндаҳо куҷо шуданд ва ё кӣ шуданд? Бо тағйири шаҳрвандӣ хамагуна шохисҳои миллӣ аз байн хоҳанд рафт.

Муҳоҷират миллатро дигар мекунад

Дар ҳама давру замон ҳиҷрат кардан ва муҳоҷир шудан, равияи табиию иҷтимоист. Ҳам муфид аст, ҳам ғайри он. Бо гузаштан ба ин омили дигар кунандаи миллат, омилҳои болоиро илова мекунам, ки бе шубҳа дар муҳоҷират ҳамсафари миллат аст, ин ҳам бошад, шаҳрвандӣ, оиласозӣ, забон, шарту шароит ва дигар қонунҳои нонавишта. Дар ҳиҷрат миллат наметавонад дар низоми худӣ зиндагӣ кунад ва ҳатман зери қолаби дигар ҳастӣ бояд кунад. Ҳангоми қатъшавии рагҳои ғизоӣ дилхоҳ система бадал ё нест хоҳад шуд. Дар ҳиҷрат низ сарчашмаҳои миллатнигаҳдор бо тадриҷ хушк мешаванд. Ва миллат дигар мешавад. Агар барои ҳамешагӣ ба ҷое ҳиҷрат мешавад – ин қадами нахустин аз барои бадалкунии шароити зиндагӣ ва дар қатори он метаморфизми миллати тоҷикӣ хоҳад буд.

Боз омилҳои дигаркунандаи миллат

Инсон – оила – кавм – миллат… падидаҳои иҷтимоианд. Омилҳои иҷтимоӣ ба ин қатор таъсир мерасонанд. Дар ин ҷумла ҷангҳои иттилоотӣ илова мешаванд, ки бо муаррифии манфӣ аз як миллат, онро дигар мекунанд. Доимӣ бадном сохтани як миллат ҳиси бадбинии миллиро ба миён оварда, аз намояндагони миллати бадном, тақозои инкори миллиро мекунад. Бо ин замина аз барои манфиатҳои ичтимоӣ, миллати бадном, дигар наметавонад, худро намояндаи миллати бадном нишон диҳад, аз ҳамин замина, ӯ худро дигар мекунад, ӯ дигар наметавонад, бо он забон сухан гӯяд, бо он равиш зиндагӣ кунад, бо он урфу одат либос ба ба бар кунад…ва ниҳоят дар саволи рӯи рост гӯяд, ки ман аз фалон миллатам.

Хулоса

Шояд гуфта шавад, ки дигар ин миллат соҳиби тамаддуни бой аст, ки барои ҳамешагӣ онро зинда боқӣ хоҳад дошт, шояд гуфта шавад, ки ин миллати бедор аст ва омилҳои болоиро дарк мекунад ва ба он роҳ намедиҳад, шояд гуфта шавад ин миллати пурқувватест, ки ҷараёни метаморфизм варо дигар карда наметавонад, шояд гуфта шавад: (Сухан ба Шумо)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG