Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моргулов мегӯяд, вазъи Афғонистон бад мешавад


Игор Моргулов, муовини вазири умури хориҷии Русия, мегӯяд, “таназулли авзоъи сиёсӣ ва низомӣ дар Афғонистон” ин кишварро ба мушкилоти бештар гирифтор хоҳад кард. Игор Моргулов, дар ин бора рӯзи ҷумъа дар нишасти минтақавие дар бораи Афғонистон cухан гуфт. Ба қавли дипломати баландпояи рус, бо интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2014 дар Афғонистон ва дар ҳамин сол тарки кишвар кардани аксари нерӯҳои НАТО, мумкин аст, ноамнӣ аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бигзарад ва "барои Русияву тамоми ҳампаймонҳояш хатар эҷод кунад.” Дар шаҳри Алмаато намояндагони Афғонистону Тоҷикистон, Ҳинду Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркия, Туркманистон, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ шеваҳои тақвияти сулҳу субот ва эҳёи Афғонистонро баррасӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG