Пайвандҳои дастрасӣ

Аз нақли қурбониёни Толибон дар Ҳирот рӯшан шудааст, ки онҳо даст ва пойи афродро на барои дуздӣ буридаанд.

Ронандаи 25-сола, Файз Аҳмад, мегӯяд, баъд аз он ки толибҳо даст ва пойи ӯро буриданд, ҳаёташ маънии худро гум кард. Вай инро дар ҳоле мегӯяд, ки дар бемористони минтақаии Ҳирот таҳти назари пизишкон аст. "Ман ронандаи ҳирфаӣ будам, аммо дигар касбу коре дошта наметавонам."

Сухангӯи Толибон Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ тасдиқ кард, ки аъзои ин гурӯҳи тундрави исломӣ Файз ва дӯсти 22-солаи ӯ Заринро моҳе пеш аз деҳае дар ноҳияи Работи Сангии вилояти Ҳирот рабуданд. Пас аз чаҳор ҳафтаи дар асорат нигоҳ доштани онҳо, толибон дасти рост ва пойи чапи ҳардуро буридаанд. Ба қавли ин сухангӯи Толибон, ин ду нафар гӯё барои дуздӣ муҷозот шудаанд. Ҳукмро додгоҳи шариатӣ баъд аз он баровардааст, ки боздоштшудагон ба дуздии пул ва моли дигарон иқрор кардаанд.

Аммо Файз ва наздикони ӯ достони дигареро қисса мекунанд. Ҳарду, Файз ва Зарин дар як ширкати хусусии амниятӣ ба ҳайси ронанда кор мекарданд. Ин ширкат дар таъмини амнияти корвонҳои икмолотии НАТО дар ғарби Афғонистон саҳм мегирифт ва наздикони ҷабрдидагон мегӯянд, толибон Файз ва Заринро барои ҳамкорӣ бо нерӯҳои НАТО ҷазо додаанд. Файз, ки се сол пеш издивоҷ карда буд ва як писари 18-моҳа дорад, чунин мегӯяд: "Толибон мегуфтанд, биёед ҳамкорӣ кунем ва ширкатеро, ки дар он кор мекунем, битарконем. Онҳо бист бор ин хоҳишро карданд, мо рад кардем."

Толибон батакрор аз ҳарду хостаанд, ки корвони НАТО-ро бомбгузорӣ кунанд, вале чун ронандагон ин пешниҳодро рад намудаанд, онҳо хостори дарёфте пуле барои озодии Файз ва Зарин шудаанд. Хешованди Зарин бо номи Исматуллоҳ мегӯяд, ҳарду оила наметавонистанд, маблағеро, ки толибон мехостанд, бипардозанд. Ҳарчанд толибҳо ба ҳукми додгоҳи шариатӣ ишора мекунанд, Файз мегӯяд, ҳеҷ гуна додгоҳе сурат нагирифтааст. Толибҳо баъд аз буридани дасту пой ҳардуро дар шоҳроҳи Ҳирот, ки ба тарафи Туркманистон меравад, партофтаанд. Сухангӯи Бемористони минтақаии Ҳирот Муҳаммад Рафиқ Ширзай мегӯяд, Файз ва Заринро раҳгузарон дар ҳоле ёфтанд, ки беҳуш буданд.



Буридани даст ё пой дар Афғонистон дар замони Толибон зиёд истифода мешуд, аммо пас аз барканори онҳо дар соли 2001 аз чунин рӯйдодҳо хабар нарасидааст. Толибон инро як ҷазои исломӣ мешумуранд. Аммо Мӯсо Маҳмудӣ, мудири иҷроии Кумисюни мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон мегӯяд, ҳатто агар толибҳо барои Файз ва Зарин мурофиа ҳам баргузор карда бошанд, онҳо ҳақ надоштанд, зимни қарори ғайриқонуни қабилаӣ ва бе назари уламои исломӣ, чунин ҳукм бароранд. Маҳмудӣ меафзояд, ин вазифаи ҳукумати марказии Афғонистон аст, ки амният ва ҳуқуқи шаҳрвандонро дар саросари кишвар дифоъ кунад ва аз ҳукмҳои беасоси ниҳодҳои ғайримасъули қабилавӣ пешгирӣ кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG