Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се тилло ва як нуқраи варзишгарони тоҷик дар Колорадои ИМА


Фарҳод Неъматов, варзишгари тоҷик.
Фарҳод Неъматов, варзишгари тоҷик.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии Осиёву Уқёнуси Ором оид ба таэквон-до WTF дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико се медали тилло ва як нуқра ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқа, ки дар иёлати Колорадо баргузор шуд, ба ғайр аз варзишгарони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон, ҳамчунин, таэквондочиёни Филиппин иштирок доштанд.

Ширкаткунандагони Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон - Фарҳод Неъматов дар вазни то 80 кг ва Алишер Гулов дар вазни беш аз 80 кк, инчунин, Хусрав Ғиёсов, дар вазни то 68 кг ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд. Варзишгари дигари тоҷик Далер Латипов, ки ҷойи дувумро гирифт, бо медали нуқра сарфароз гашт.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ аз Федератсияи таэквон-до (ВТФ)-и Тоҷикистон хабар доданд. Ба иттилои ин манбаъ аз моҳи январи соли равон таэквондочиёни тоҷик дар Колорадо таҳти раҳбарии мутахассиси тоҷик Комил Латипов, ки аз соли 2005-ум инҷониб дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба сар мебарад ва сармураббии дастаи мунтахаби иёлати Колорадо мебошад, тамрин мекунанд.

Аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳамзамон ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквон-до WTF, ки моҳи июл дар Мексика баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд.
XS
SM
MD
LG