Пайвандҳои дастрасӣ

Дар фалокати Бангладеш 300 нафар кушта шудаанд


Маъмурони наҷот дар Бангладеш ба ҷустӯҷуи афроде идома медиҳанд, ки мумкин аст, зери харобаҳои як корхонаи нассоҷӣ монда бошанд. Бар асари фурӯ рафтани ин корхона дар рӯзи 24 апрел 300 нафар ҳалок шуданд ва мақомот мегӯянд, теъдоди қурбониён шояд афзоиш ёбад. Фалокат замоне рух додааст, ки дар корхона 3000 нафар кор мекарданд. Тақрибан 2200 нафари коргаронро наҷот додаанд. Ҳудуди 50 тани дигар дар бархӯрд бо маъмурони пулис маҷрӯҳ шуданд, чун саъй доштанд ба саҳнаи фалокат омада ва дар ҷустӯҷуи наздикони бенишоншудаашон кӯмак расонанд.
XS
SM
MD
LG