Пайвандҳои дастрасӣ

Порлумони Сербия як тарҳи муҳимро баррасӣ мекунад


Вакилони мардумии Сербия ба баррасии тарҳи созише шурӯъ карданд, ки бо миёнҷигарии Иттиҳодияи Аврупо ҳосил шуд ва ҳамкории мӯътадил бо Косоворо пешбинӣ мекунад. Созишномаро Ивиса Дасич, нахуствазири Сербистон ва Ҳошим Тоҷӣ аз Косово рӯзи 19 апрел дар шаҳри Брюссел имзо карданд. Порлумони Косово ин аҳдномаро рӯзи 21 апрел тасвиб кард ва як рӯз баъд аз он ҳукумати Сербия ҳам онро пазируфт. Бар асоси ин санад, сербҳои сокин дар шимоли Косово, мухторияти бештар ва нерӯҳои пулиси худро хоҳанд дошт ва дар иваз ба ҳукумати марказии Косоворо ба расмият хоҳанд шинохт. Иҷрои ин созишнома як шарти ҳамкории наздиктари Иттиҳодияи Аврупо бо Косову Сербия аст. Баъзе аз миллатгароёни серб ва худи сербҳои шимоли Косово мухолифи ин созиш ҳастанд.
XS
SM
MD
LG