Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзноманигорон ҳам Ҷоизаи Рӯдакӣ мегиранд


Кумитаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ барои соли 2014-ум озмуни асарҳои адабию ҳунарӣ, меъморӣ ва публитсистиро барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ эълон намуд. Тибқи эълони мазкур барои аввалин бор аст, ки рӯзноманигорон ҳам метавонанд барои дарёфти Ҷоизаи Рӯдакӣ асарҳояшонро пешниҳод намоянд. Бояд ба озмун асарҳои барҷастае, ки дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика ҳамчун дастоварди баландпояи эҷодӣ аз тарафи умум эътироф шудаанд, пешниҳод шаванд. Пешниҳоди асарҳои довталабон то 25-уми декабри соли 2013- ум идома меёбад. Асарҳо бояд аз ҷониби вазорату кумитаҳои давлатӣ, кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба адабиёту санъат ва журналистика алоқаманданд, инчунин аз ҷониби Академияи илмҳо ва дигар иттифоқҳои эҷодӣ пешбарӣ шаванд. Бояд зикр кард, ки ҷоизаи Рӯдакӣ олитарин ҷоизаи Тоҷикистон аст, ки эҷодкорони кишвар бо он қадрдонӣ мешаванд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG