Пайвандҳои дастрасӣ

Афроди ҳарчӣ бештаре худро Имоми охирзамон меноманд, ки баъд аз ҳазор сол ба рӯйи замин баргаштааст.

Полиси Эрон чандин нафарро, ки аксаран яктаҳ дар тан ва саллаи охундӣ дар сар доштанд, дар саҳни масҷиди Ҷомкорон, деҳае дар наздикии шаҳри Қуми Эрон, ба ҳабс гирифт. Инҳо касоне буданд, ки худро Маҳдӣ ё Имоми Охирзамон эълон кардаанд. Имоме, ки ҳазор сол пеш бо амри Худо нопадид гашт, то ба вақту замонаш ба дунё баргардад ва заминро аз шарру шайтанат пок созад.

Мақомоти расмӣ чунин афродро “ноқисулақл”, “ҷиноятпеша” ва “фолбин” меноманд. Онҳо изҳори нигаронӣ мекунанд, ки ахиран теъдоди чунин имомҳои худхонда ва дурӯғин рӯ ба афзоиш дорад. Ҳоло шумораи “Маҳдиҳои дурӯғин” дар маҳбасҳои Ҷумҳурии Исломӣ ба 3000 нафар расидааст. Бино бар ривоятҳои мазҳабӣ, Маҳдӣ имоми 12-уми шиъагон будааст, ки дар қарни 4 ҳиҷрӣ нопадид шуд ва дар рӯзи лозим дубора зуҳур хоҳад кард, то ҷаҳонро пур аз адолат кунад.

Масҷиди Ҷомкорон замоне ба макони Маҳдиҳо табдил ёфт, ки раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод чанд сол пеш гуфт, Имоми Охирзамон саёҳати нави худро аз ҳамин ҷо оғоз хоҳад кард. Соли 2005, пас аз пирӯзияш дар интихобот Аҳмадинажод ба ин масҷид 10 миллион доллар дод.

Маҷаллаи “Экономист” тахмин мезанад, ки афсурдагиҳои иқтисодии Эрон ба пайдо шудани мавҷи нави Маҳдиҳои сохта сабаб гаштааст. Онҳо худро наҷотбахши аҳли башар меноманд, аммо ниёзманди инанд, ки мардум онҳоро хӯронад ва пӯшонад. Гоҳе заноне низ ба саҳна меоянд ва мегӯяд, онҳо “зани Имом Маҳдӣ” ҳастанд.

Ба ақидаи коршиносон, пайдо шудани ин теъдод аз Маҳдиҳои қалбакӣ як натиҷаи таблиғи густардаи ҳукумат низ аст, чун ривояти имоми нопадидшуда аз телевизиону радио ва матбуоти таҳти назорати давлат ҳамарӯза ёдрас мешавад.

Маҳмуди Аҳмадинажод борҳо гуфтааст, ки “ҳукумати ӯ ҳукумати имоми гумшуда” аст. Моҳи гузашта дар дидор бо гуруҳе аз сафирони нави Эрон ба онҳо гуфт, ки худро “фиристодагони Маҳдӣ” шуморанд. Дар соли 2005, пас аз аввалин суханронияш дар Созмони Милал, Аҳмадинажод ба як рӯҳонии саршинос гуфт, дар минбари Созмони Милал гирди сараш фарри дурахшоне зуҳур намуд, ки худи Маҳдӣ онро гузоштааст. Видеои ин суҳбат дар интернет машҳур гаштааст.

Мақомоти Эрон ҳамчунин барои дилбардории қурбониёни беадолатӣ ва нокомиҳо аз Маҳдӣ ном мебаранд ва ба афрод умед медиҳанд, ки Маҳдӣ ба зудӣ зуҳур мекунад ва ҳама мушкилот ҳал мешавад.

Яке аз парвандаҳои машҳур ба номи Оятуллоҳ Буруҷардӣ бастагӣ дорад, ки соли 2007 ба 11 соли зиндон маҳкум шуд. Яке аз иттиҳомот ин буд, ки вай худро Маҳдӣ эълон кардааст. Ба монанди бисёре аз имомҳои қалбакии муассир ӯро маҷбур карданд, аз тариқи телевизион “тавба” кунад ва барои “ҳамла” ба яке аз аслҳои Ислом узр хоҳад.

Аммо коршиносон бар инанд, ки сафи Маҳдиҳо дар Эрон ва дигар кишварҳои шиъанишин кам нахоҳад шуд. Як равонпизишк ё психиатри теҳронӣ ба маҷаллаи “Экономист” гуфтааст, ҳар моҳ бо чунин Маҳдиҳо рӯбарӯ мешавад. “Вақте шахсе чунин чизҳо мегӯяд ва дар бораи худаш ба ҳайси шахси сеюм суҳбат мекунад, ман хандаи худро нигоҳ дошта наметавонам. Вай хашмгин мешавад ва маро танқид мекунад, ки ба “Имоми Замон” эҳтиром намегузорам.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG