Пайвандҳои дастрасӣ

Кемерон: Сурия аслиҳаи кимиёвӣ ба кор бурдааст


Девид Кемерон, нахуствазири Бритониё, мегӯяд, “далелҳои андак, вале афзоянда” вуҷуд дорад, ки режими Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия аз силоҳи кимиёвӣ истифода мекунад. Ӯ рӯзи ҷумъа дар мусоҳибае бо Би Би Си гуфт, далелҳо “бисёр изтиробангезанд” ва истифода аз аслиҳаи кимиёвӣ баробар ба ҷинояти ҷангист. Аз ин пештар дар рӯзи панҷшанбе, ҳукумати Амрико ҳам гуфт, хадамоти иттилоотиаш ба ин хулоса расидаанд, ки Сурия аз мизони андаки гази кушандаи сарин истифода кардаанд. Аммо гуфта нашудааст, ки ин аслиҳаро дар куҷо ва кай ба зидди шӯришиёне ба кор бурдаанд, ки алайҳи ҳукумати Башор Асад меҷанганд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, ба ҳукумати Сурия ҳушдор додааст, ки дар сурати истифода аз аслиҳаи кимиёвӣ, ҷомеаи байналмилал алайҳи он иқдом хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG