Пайвандҳои дастрасӣ

Дар садамае дар Қандаҳор 30 нафар ҷон доданд


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, рӯзи ҷумъа дар як садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Қандаҳор тақрибан 30 нафар кушта шудаанд. Ҷовид Файсал, сухангӯи волии Қандаҳор гуфтааст, ки дар миёни қурбониён занону кӯдакон ҳам ҳастанд ва дасти кам 10 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Дар ин ҳодиса автобуси мусофирбар бо мошини боркаше бархӯрдааст ва ҳоло сабабҳои садама маълум нест.
XS
SM
MD
LG