Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узви гурӯҳи Пусси Райот ба додгоҳ баргашт


Додгоҳе дар Ҷумҳурии Мордовияи Русия дархости авфи Надежда Толонникова яке аз ду узви гурӯҳи ҳунарии Пусси Райотро баррасӣ мекунад, ки барои ду сол зиндонӣ шудаанд. Онҳоро, ки дар як калисо таронаи интиқодие дар васфи Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия сароиданд, соли гузашта бо гуноҳи “авбошӣ дар заминаи адовати мазҳабӣ” ба зиндон андохтанд. Худи Надежда Толонникова дар мурофиаи додгоҳӣ ҳузур дошт. Маъмурияти зиндоне, ки Толонникова ҳукмашро адо мекунад, аз додгоҳ хостаанд, ки ӯро авф накунад. Ба гуфтаи мақомоти зиндон, ин узви гурӯҳи Пусси Райот аз кардааш пушаймон нест ва муқаррароти зиндонро ҳам риоят накардааст. Аммо гурӯҳе аз ҳомиёни ҳуқуқи занон бо муроҷиат ба додгоҳ хостаанд, Надежда Алёхинаро шартан аз зиндон раҳо кунад. Мария Алёхина, узви дуввуми гурӯҳ дар зиндоне дар вилояти Перм нигаҳ дошта мешавад.
XS
SM
MD
LG