Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафорати Русия қонуни навро шарҳ дод


Сафорати Русия дар Тоҷикистон бо пахши як баёния аз васоити ахбори умуми ин кишвар дархост кардааст, ки дар шарҳи қонуни «дар бораи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия» мардумро ба иштибоҳ набаранд.

Сафорати Русия рӯзи ҷумъаи 26 апрел дар сомонаи худ навишт, банди қонун дар бораи ҳузури шаҳрвандон дар қаламрави Русия мегӯяд, онҳое, ки дар 8 сол қабл аз дархости шаҳрванди муҷозоти маъмурӣ ва ё депортасия шудаанд, ҳақи гирифтани шаҳрвандии Русияро надоранд.

Аммо ба навиштаи сафорати Русия дар баъзе расонаҳо ин масъала ба гунае шарҳ ёфтааст, ки ки гуё шаҳрванди хориҷӣ дар муддати ин 8 сол аз қаламрави Русия ихроҷ карда мешаванд, дар ҳоле,ки дар қонуни мазкур аслан аз ихроҷ сухан намеравад

Сафорати Русия дар баёнияи матбуотӣ хоҳиш кардааст, ки барои сардаргум хонандаҳо васоити ахбори умум дар шарҳи ин нуктаи қоунуни муҳим ҷиддӣ бошад.
XS
SM
MD
LG