Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

30 миллиард сомонӣ дар 3 сол барои беҳбуди зиндагии сокинон


Давоми се соли оянда, Тоҷикистон барои беҳбуди сатҳи зиндагии мардум 30 миллиард сомонӣ ва ё 6,3 миллиард доллари амрикоӣ тахсис хоҳад. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи паёми солонаи худ ба парлумони Тоҷикистон гуфт, ки ҳама ниҳодҳои давлатӣ бояд барои беҳбуди вазъи зиндагии шаҳрвандон ҳамоҳангӣ намоянд. Ба гуфтаи ҷаноби Раҳмон, соли гузашта парлумони Тоҷикистон ба ин манзур стратегияи нав барои беҳбуди вазъи зиндагии шаҳрвандон то соли 2015 –ро пазируфт. Бар пояи ин дурнамо, барои амали шудани ин нақша 30 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 40 дарсади он аз ҳисоби будҷаи давлатӣ мебошанд. Ба гуфтаи ҷаноби Раҳмон, татбиқи ин дурнамо, сатҳи зиндагии сокинони кишварро беҳтар хоҳад кард. Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки сар аз соли 2006, рушди иқтисоди Тоҷикистон солона шаш дарсадро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG