Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти минтақавӣ барои Афғонистон шурӯъ шуд


Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон рӯзи ҷумъа нишасти мавсум ба “Фароянди Истанбул барои Афғонистон” шурӯъ шуд. Вазирони 13 кишвар дар ин нишаст, шаш арсаи ҳамкорӣ барои пешрафти Афғонистон, аз ҷумла мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, саркӯби терроризм, тақвияти зербунёдҳои минтақавӣ, ривоҷи тиҷорати минтақавӣ, расидагӣ ба фалокатҳо ва ҳамкориҳои илмиву фарҳангиро баррасӣ мекунанд. Эъломияи “Фароянди Истанбул барои Афғонистони орому босубот” соли 2011 дар Туркия қабул шуд. Эъломияи мазкурро Афғонистону Тоҷикистон, Ҳинду Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркия, Туркманистон, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ имзо кардаанд. Маълум нест, вазирони умури хориҷии чанд кишвар дар нишасти Алмаато ҳузур хоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG