Пайвандҳои дастрасӣ

Дар оташсӯзӣ дар Маскав 38 нафар ҷон додаанд


Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия мегӯяд, оташсӯзӣ дар шифохонаи бемориҳои равонӣ дар канори шаҳри Маскав 38 нафар аз ҷумла ду корманди шифохонаро куштааст. Шифохонаи рақами 14 дар шаҳри Раменски субҳи рӯзи ҷумъа оташ гирифтааст. Дафтари матбуоти вазорат мегӯяд, се нафар аз ҷумла ду бемор ва як парасторро аз коми оташ наҷот додаанд. Ба навиштаи хабаргузории Интерфакс, доруҳои таскинбахш, ки пеш аз хоб ба беморон додаанд, сабаби зиёд будани қурбониён шудааст, зеро аксарият бедор нашудаанд ва ё баъди бедор шудан ҳам, таҳти таъсири дору намедонистаанд, ки чӣ кор кунанд. То кунун сабаби оташсӯзӣ дар шифохона маълум нест.
XS
SM
MD
LG