Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умри мардуми Тоҷикистон 5 сол дароз шудааст


Мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон мегӯянд, дарозумрӣ дар ин кишвар аз 68,2 ба 72, 5 сол баробар шудааст.

Шамсиддин Ҷобиров, сардори маркази сиҳатии модару кӯдаки Вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба "Озодӣ" дар хусуси дарозумрии мардуми Тоҷикистон гуфт, аз ин нигоҳ, ки нисбат ба се соли пеш вазъи беҳдоштии кӯдакону модарон дар кишвар беҳтар гашт, рушди дарозумрӣ низ мушоҳида мешавад.

Вай афзуд, ки дар соли 2010 мизони фалаҷшавии кӯдакону наврасон дар Тоҷикистон ниҳоят зиёд буд, аммо дар соли равон ин масъала кишварро таҳдид намекунад.

Аммо созмонҳои ҷаҳонии беҳдоштӣ, аз ҷумла намояндагии Созмони ҷаҳонии тандуруст дар Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳанӯз дарозумрӣ дар Тоҷикистон рӯ ба рушд надорад ва ин ба масъалаи вазъи иҷтимоии кишвар рабт дорад.

Ба иттилои Созмонҳои байналмилалии иқтисодӣ, ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон мизони фақр дар ин кишварро 38 дар сад нишон медиҳанд, вале амалан беш аз 50 дарсади сокинони Тоҷикистон зери хатти камбағалӣ ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG