Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Федератсияи футболи Тоҷикистон доварону нозирони бозиҳои даври чоруми мусобиқаи қаҳрамонии кишвар миёни дастаҳои лигаи олиро эълон кард.

Се бозии даври чорум рӯзи шанбе, 27-уми апрел миёни дастаҳои «Истаравшан»-и Истаравшан - ССКА «Помир»-и Душанбе, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Истиқлол”-и Душанбе - “Хайр”-и Ваҳдат барпо мегардад. Як бозии дигари даври чорум рӯзи якшанбе, 28-уми апрел байни дастаҳои “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Румӣ - «Энергетик»-и Душанбе сурат мегирад.
Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 4-ум.
27-уми апрел, шанбе. Оғози бозиҳо - соати 16.

«ИСТАРАВШАН» - ССКА «ПОМИР». Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор). Ёваронаш: Исматулло Муъминов (Хуросон), Мустафо Исломов (Восеъ). Довари эҳтиётӣ: Носирҷон Мансуров (Бобоҷон Ғафуров). Нозири бозӣ: Ҳамза Пиров (Шаҳринав).

«ВАХШ» - «РЕГАР-ТАДАЗ». Қӯрғонтеппа. Варзишгоҳи “Пахтакор”. Сардовар: Хуршед Дадабоев (Хуҷанд). Ёваронаш: Ҳабибулло Нарзуллоев (Ҳисор), Холмурод Зардов (Душанбе). Довари эҳтиётӣ: Каюмарс Сулаймонов (Душанбе). Нозири бозӣ: Шавкат Аҳмадов (Душанбе).

«ИСТИҚЛОЛ» - «ХАЙР». Душанбе. Варзишгоҳи “Авиатор”. Сардовар: Раҳмон Муртазоев (Душанбе). Ёваронаш: Қурбонмаҳмад Каримов, Сафармаҳмад Шоймардонов (ҳарду аз Хуросон). Довари эҳтиётӣ: Акмал Бӯриев (Турсунзода). Нозири бозӣ: Валерий Урунов (Душанбе).

28-уми апрел, якшанбе. Оғози бозӣ - соати 16.

«ПАНҶШЕР» - «ЭНЕРГЕТИК». Ҷалолиддини Румӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Мамадов. Сардовар: Комилҷон Қурбонов (Турсунзода). Ёваронаш: Хусрави Сиддиқзод, Беҳрӯз Муртазоев (ҳарду аз Душанбе). Довари эҳтиётӣ: Хуршед Дадабоев (Хуҷанд). Нозири бозӣ: Садриддин Мустафоқулов (Ҳисор).

Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Истиқлол» 2 2 0 0 9-2 6
2. «Хайр» 2 1 1 0 3-1 4
3. «Парвоз» 3 1 1 1 2-1 4
4-5. «Хуҷанд» 3 1 1 1 2-2 4
4-5. «Энергетик» 3 1 1 1 2-2 4
6-7. «Равшан» 1 1 0 0 1-0 3
6-7. «Регар-ТадАЗ» 1 1 0 0 1-0 3
8. ССКА «Помир» 2 0 2 0 1-1 2
9. «Истаравшан» 2 0 1 1 0-2 1
10. «Вахш» 3 0 1 2 2-6 1
11. «Панҷшер» 2 0 0 2 2-8 0
Голзани беҳтарин: Дилшод Восиев («Истиқлол») – 3 гол.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG