Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

FIFA ба ояндаи футболи Тоҷикистон хушбин аст


Malaysia -- Tajik youth football team, 23Jun2012

Malaysia -- Tajik youth football team, 23Jun2012

Торнамои ФИФА дар гузорише дар бораи футбол дар Тоҷикистон гуфтааст, “тоҷикон қодиранд дар ояндаи наздик ҳам ба мақомҳои баландтар бирасанд.”

Торнамои Федератсиюни Байналмилалии Футбол бо нашри гузорише гуфтааст, Тоҷикистон, ки бештар аз 90 дар сади қаламравашро кӯҳҳо “тасарруф” кардаанд, макони муносиб барои кӯҳнавардиву саёҳист, вале футбол дар миёни аҳолии ҳафт миллионнафарии он маҳбубияти бештар дорад ва номи тими миллии он пайваста дар сархати хабарҳои матбуоти дохилист. ФИФА бо ёдоварӣ аз пирӯзии тими Тоҷикистон дар нахустин Ҷоми Даъвати Осиё дар соли 2006 ва як сол баъд роҳ ёфтани футболбозони то 17 солаи тоҷик ба мусобиқоти ҷаҳонии соли 2007 гуфтааст, Тоҷикистон нишон дод, ки метавонад, иштиёқи зиёди худ ба футболро бо дастовард нишон бидиҳад. Ва нишондиҳандаи дигари пешрафти Тоҷикистон дар футбол ҳамин моҳ 40 зина боло рафтани он дар феҳрасти ФИФА аст, ки аз мақоми 172 ба якборагӣ ба зинаи 112 расид. Аз замони ба ФИФА пайвастани Тоҷикистон дар соли 1994 ин нахустин бор аст, ки тими футболи кишвар ба мақоми 12 расидааст.


ФИФА аз бозиҳои мусобиқоти Ҷоми Даъвати Осиё дар Қирғизистон ёдовар шудааст, ки футболбозони Тоҷикистон тавонистанд, бо раҳбарии Никола Кавазович, мураббии серби худ, бар Покистону Макао пирӯз шаванд, вале ғайриинтизор аз мизбони бозиҳо Қирғизистон бо ҳисоби 1-0 шикаст хӯранд. Вале бо вуҷуди ин тими миллии Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиё ба мақоми 17-ум расид ва баъди тими тавонои Арабистони Саудӣ ҷо гирифт, вале аз Кувайту Куриёи Шимолӣ гузашт, ки ҳарду бар хилофи Тоҷикистон дар гузашта дар мусобиқоти асосии Ҷоми Ҷаҳонии Футбол бозӣ кардаанд.


Никола Кавазович, мураббии тими миллии Тоҷикистон ба торнамои ФИФА гуфтааст, “Пирӯзиҳо ҳама ба шарофати бозигарон аст, зеро онҳоянд, ки маҳорати зиёд доранд ва бисёр саъй мекунанд.” Мураббии тими миллии футболи Тоҷикистон гуфтааст, “ҳарчанд мо ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Даъвати Осиё нарасидем, вале мо ҳадафи ман ин аст, ки тими мо бори аввал дар Мусобиқоти Ҷоми Осиё дар соли 2015 бозӣ кунад.” Торнамои ФИФА менависад, бо вуҷуди онки тими миллии футболи Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ба бозиҳои асосии мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонии Футол роҳ наёфтааст ва ё ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ҳам нарасидааст, вале бо вуҷуди шикастҳову нокомӣ, мунтазам бозии худро беҳтар мекунад.

Дастаҳои кишвар назар ба тими миллӣ натиҷаҳои беҳтар нишон додаанд ва чаҳор маротиба Ҷоми Президенти Федератсиёни Футболи Осиёро бо худ ба Тоҷикистон бурдаанд, ки ин мусобиқа маҳз барои тимҳои футболи дар ҳоли зуҳур дар қораи Осиё аст. Дастаи Регар, қаҳрамони панҷкаратаи Тоҷикистон соли 2005 ҷоми аввалини мусобиқаи мазкурро аз они худ кард ва ин муваффақияташ солҳои 2008 ва 2009 такрор шуд. Баъди ин навбати пирӯзӣ дар мусобиқоти Ҷоми Президенти Федератсиюни Футболи Осиё ба дастаи Истиқлоли Душанбе расид, ки соли гузашта ба раҳбарии Никола Кавазович, ҷоми мазкурро соҳиб шуд.

Торнамои ФИФА мегӯяд, бояд мунтазир шуд ва дид, ки тими миллии футболи Тоҷикистон то чанд вақти дигар ба сафи дастаҳои тавонои Осиё хоҳад пайваст? Аммо пешрафтҳои муназзам ва аз ҷумла бозии мусовии онҳо бо тими миллии футболи Куриёи Шимолӣ дар мусобиқоти интихобои Ҷоми Ҷаҳонии соли 2014 дар Бразилия аломати он аст, ки “тоҷикон ҳамчунон умедворкунанда мемонанд ва қодиранд дар ояндаи наздик ҳам ба мақомҳои баландтаре бирасанд. “

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG