Пайвандҳои дастрасӣ

Блумберг: "Мехостанд, Ню Йоркро ҳам битарконанд"


Майкл Блумберг, шаҳрдори Ню Йорк, мегӯяд, муттаҳамони бомбгузорӣ дар шаҳри Бостон қасд доштаанд, бақияи маводи таркандаи худро дар майдони марказии ин шаҳр мунфаҷир кунанд. Майкл Блумберг дар ин бора рӯзи панҷшанбе ҳамроҳ бо раиси пулиси ин шаҳр Реймонд Келлӣ сухан гуфт. Ба гуфтаи шаҳрдори Ню Йорк, Ҷоҳар Тсарнаев, муттаҳам ба бомбгузории Бостон, дар шифохона ба муфаттишон гуфтааст, ки бо бародараш масъалаи бомбгузорӣ дар Ню Йоркро ҳам баррасӣ кардаанд. Муфаттишони амрикоӣ мегӯянд, ки ӯ Ҷоҳар соли гузашта як бор ба Ню Йорк аз ҷумла майдони марказии он Тайм Сквейр рафта будааст. Ба гуфтаи Реймонд Келлӣ, Ҷоҳар ва бародараш Темирлан шаш бомби худсохти дигар доштаанд. Темирлан дар даргирӣ бо маъмурони пулис кушта шуд. Дар бомбгузории рӯзи 15 апрел дар дави марафонии шаҳри Бостон се нафар кушта ва 260 нафари дигар захмӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG