Пайвандҳои дастрасӣ

Русия ба эътирози Тоҷикистон посухи кӯтоҳе дод


Вазорати умури хориҷии Русия дар талоше барои ором кардани ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, баёнияи ҷанҷолбарангези Владимир Жириновский, вакили порлумон мавқеъи ҳукумати Русия нест. Дар ёддошти ҳукумати Русия, ки рӯзи панҷшанбе дар торнамои вазорати умури хориҷии Тоҷикистон нашр шуд, омадааст, «баёнияи муовини раиси Думаи Давлатии Русия, раҳбари Ҳизби Либерал-Демократ ҳеҷ умумияте ба мавқеъи расмии Русия надорад, ки Тоҷикистонро муттаҳид ва шарики стротегиаш медонад." Владимир Жириновский чанде пеш дар як мубоҳисаи телевизионӣ дар ҳаққи муҳоҷирони кории тоҷик носазо гуфт ва афзуд, “Толибон кадом рӯз Тоҷикистонро зери по мекунанд ва Эмомалӣ Раҳмонро мисли Наҷибуллоҳ дар маркази Душанбе ба дор мекашанд.” Баёнияи мазкур хашми ҷомеа ва ҳукумати Тоҷикистонро барангехт ва баъди ин сафири Русияро ба вазорат хонданд ва ба ӯ ёддошти эътирозӣ супурданд.
XS
SM
MD
LG