Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Созмони "Голос"-и Русияро ҷарима карданд


Додгоҳе дар шаҳри Маскав, як созмони ғайриҳукуматии нозири интихобот дар Русияро барои сарпечӣ аз сабти номи дубора ҷарима кард. Бар асоси амри додгоҳ, созмони «Голос» ва ё Садо, ки худро ҳамчун «маъмури хориҷӣ» сабти ном накардааст, бояд 9 500 доллар ҷарима бисупорад. Лилия Шибанова, раиси созмонро 3200 доллар ҷарима бастанд. Баъди қабули қонуни баҳсбарангез дар бораи созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар Русия дар моҳи ноябри соли гузашта, бори аввал аст, ки як созмонро барои беэътиноӣ ба он ҷарима мебанданд. Бар асоси ин қонун, ҳар созмони ғайриҳукуматии Русия, ки аз хориҷ кӯмаки молӣ мегирад, бояд ба ҳайси «маъмури хориҷӣ» сабти ном шавад, ки ин мафҳум дар Русия маънии ҷосусро дорад. Раҳбарони "Голос" мегӯянд, баъди ҳукми иҷро гирифтани қонуни мазкур, аз хориҷ кӯмак нагирифтаанд ва аз ин рӯ зарурате ба сабти дубораи ном надоранд.
XS
SM
MD
LG