Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷудоихоҳони курд Туркияро тарк мекунанд


Ҷудоихоҳони курд мегӯянд, ки сар аз рӯзи 5 май ба тарки хоки Туркия шурӯъ мекунанд ва ба шимоли Ироқ мераванд. Фирот Нюс, як торнамои вобаста ба Ҳизби Коргарии Курдистон рӯзи панҷшанбе аз қавли Мурод Қаралиён, раиси феълии ин ҳизб навиштааст, ки ҷудоихоҳони курд, “гурӯҳ-гурӯҳ ва ба тадриҷ қаламрави Туркияро тарк мекунанд ва қасд доранд, ки ин кор дар кӯтоҳтарин фурсат анҷом шавад.” Қаралиён ба Туркия ҳушдор додааст, ки ҳангоми ин ақибнишинӣ ба ҷудоихоҳон ҳамла накунад, вагарна Ҳизби Коргарии Курдистон ҳам интиқом хоҳад гирифт. Ин гоми дигари ҷудоихоҳони курд дар роҳ ба сӯи мусолиҳа бо Туркия аст. Абдуллоҳ Оҷалон, раҳбари зиндонии ҷудоихоҳони курд дар Туркия моҳи март амр дод, ки ҷудоихоҳон ҳамла ба нерӯҳои давлатии Туркияро бас кунанд ва силоҳҳояшонро ба замин бигзоранд. Аммо дар баёнияи рӯзи панҷшанбе гуфта нашудааст, ки оё Ҳизби Коргарии Курдистон силоҳҳояшро таслим хоҳад кард ва ё на? Ҳизби Коргарии Курдистон аз соли 1984 дар манотиқи ҷанубушарқӣ ва умдатан курднишини Туркия барои истиқлол меҷангид ва дар ин низоъ то кунун 40 ҳазор нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG