Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳим Масов ҷоизаи "Ситораи Иттиҳод"-ро гирифт


Имрӯз дар шаҳри Маскав ба Раҳим Масов, таърихшинос ва донишманди тавонои тоҷик ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»-ро супурданд. Ба гуфтаи Муҳаммади Эгамзод, намояндаи сафорати Тоҷикистон ҷоизаро Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федералӣ, палатаи болоии порлумони Русия ба Раҳим Масов тақдим кард. Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»- ро бо назардошти саҳми донишмандон дар рушди илму фарҳанг дар қаламрави кишварҳои муштаракулманофеъ тақдим мекунанд. Раҳим Масов чанде пеш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷоиза 64 ҳазор доллар аст ва онро барои Бунёди ҷамъиятии «Академик Раҳим Масов» ва барои конфронсу маҳфилҳо ва кӯмак ба донишмандони ҷавон харҷ хоҳад кард. Дар маросими тақдими ҷоиза Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Маскав ва Фарҳод Раҳимов, муовини вазири маорифи кишвар ҳузур доштаанд.
XS
SM
MD
LG