Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Страссбург Русияро ба пардохти 30 000 евро ҷуброн ва 5 900 доллар хароҷоти додгоҳӣ ба шаҳрванди Тоҷикистон Савриддин Ҷӯраев муваззаф кард.

Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар рӯзи 25 апрел Русияро масъули қазияе шинохт, ки дар соли 2011 мунҷар ба истирдоди махфии Ҷӯраев ба Тоҷикистон ва ҳукми зиндони баъдии ӯ бо ҷурми ҷиноят алайҳи амнияти давлат шуд.

Бино ба хабарҳо, Савриддин Ҷӯраев ҳанӯз 6 декабри соли 2010 ба Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар шикоят бурда буд. Ӯ дар ин даъво аз эҳтимоли истирдодаш бо дархости Душанбе изҳори нигаронӣ мекард. Аммо ҳамагӣ баъди чанд рӯзи шикояти Ҷӯраев Додгоҳи олии Русия ҳукми истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро таъйид кард.

Савриддин Ҷӯраев ба дунбол ба ин далел, ки дар Тоҷикистон ба далели ақидаи диниаш таҳти таъқиб қарор гирифтааст, аз Русия паноҳгоҳи сиёсӣ пурсид. Мақомоти Русия дархостҳои батакрори ӯро радд карданд, вале Ҷӯраев дар моҳи сентябри соли 2011 бо мусоидати Идораи паноҳандагони СММ тавонист ҳаққи паноҳҷӯи муваққатро ба даст биорад.Аммо рӯзи 31 октябри соли 2011 ӯро дастгир карда, ба гуфтаи худи Ҷӯраев, латукӯб карданд ва бидуни кадом тафтиши марзӣ аз фурудгоҳи Домодедово ба Душанбе фиристоданд.

Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар ҳукм кард, ки Русия дар ин қазия чанд банди Паймони аврупоии ҳуқуқи башар, аз ҷумла моддаи 3(манъи бархӯрди ғайриинсонӣ ва паст задани шарафи инсонӣ), моддаи 34(ҳаққи муроҷиат бо шикояти инфиродӣ), банди чоруми моддаи 5(ҳаққи муҳокимаи бидуни таъхири қонунмандии боздошт)-ро поймол кардааст.

Савридин Ҷӯраев, яке аз 34 нафарест, ки соли гузашта бо ҷурми узвият дар Ҳаракати исломии Узбакистон маҳкум ба зиндон шуданд. Ҷӯраев аз ҷумла барои 26 сол равонаи зиндон шуд. Амаки ӯ Шамсиддин, ки тақрибан якуним моҳ пеш аз Савриддин аз Маскав ғайб зад, баъдан дар боздоштгоҳи Хуҷанд зоҳир шуда, низ бо ҷурми ҳамкорӣ бо ин созмони тундрав 19 сол ҳукми зиндон гирифт.

Пажӯҳишгоҳи ҳуқуқи инсон, мақараш дар Маскав, дар моҳи март бо изҳори нигаронӣ аз афзоиши мавридҳои рабудан ва истирдодҳои ғайриқонунии гумонбарон аз қаламрави Русия аз ҷумла ба сарнавишти Ҷӯраевҳо низ пардохта, гуфта буд, ки парвандаи онҳо сохта аст. Ба ҳисоби ин созмон, аз соли 2011 ба ин сӯ 8 шаҳрванди дар Русия боздоштшудаи Тоҷикистону Узбакистон, аз ҷумла Савриддин Ҷӯраев, баъди муроҷиат ба Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар, ба таври мармуз рабуда шуданд.

Қазияи Савриддин Ҷӯраев мавриди аввали пирӯзии атбоъи тоҷик бар Русия дар додгоҳи Аврупо нест. Додгоҳи Страссбург рӯзи 18 апрел Русияро ба пардохти 5 000 евро ҷуброн ва 6 000 хароҷоти додгоҳии шаҳрванди дигари Тоҷикистон Исмон Азимов низ муваззаф карда, ҳамчунин хост, ки ӯро истирдод накунанд. Ин сокини Исфара дар Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон ва бандитизм муттаҳам мешавад.

Қаблан Ҳабибуллоҳ Насруллоев, раиси собиқи “Тоҷикматлубот”, ки 10 сол пеш бо дархости Душанбе дар Маскав барои қариб ним сол боздошт шуд, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси ҳизби демократ, ки аз Маскав ба таври асроромез ба Душанбе оварда шуд, Раҳматуллоҳ Назаров,як сокини ноҳияи Файзобод, ки дар Русия бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир маҳкум ба зиндон шуда буд ва сокини Хуҷанд Абдураззоқ Ғаффоров, ки дар Маскав бо ҷурми узвият дар Ҳизб-ут-Таҳрир 20 моҳро дар боздошт ба сар бурд, тавонистанд тавассути додгоҳи Страссбург аз давлати Русия аз 15 000 то 50 000 евро товон рӯёнанд.

Русия ҳамчун узви Шӯрои Аврупо мулзам аст, ҳукми Додгоҳи ҳуқуқи башарро иҷро кунад. Аммо атбоъи Тоҷикистон ҳаққи шикоят бурдан аз мақомоти Душанбе ба ин додгоҳро надоранд, чунки Тоҷикистон узви Шӯрои Аврупо нест ва муҳокимаи қазияҳои ҳуқуқиаш хориҷ аз салоҳияти додгоҳи Страссбург аст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG