Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳокимаи Навалний идома дорад


 Алексей Навалний

Алексей Навалний

Блогнавис Алексей Навалний ва вакилони мудофиаи ӯ шоҳиди асосии
ҷониби ҳукумат дар қазияи дуздии моликиятро мавриди бозпурсӣ қарор доданд.

Навалний, ки бо муборизааш бо фасод маъруф мебошад, бо дуздии тахта ба маблағи 510 ҳазор доллар муттаҳам мешавад. Муҳокимаи ӯ дар додгоҳи шаҳри Кирови Русия се рӯз инҷониб идома дорад. Ҷониби Навалний Вячеслав Опалев-собиқ раиси корхонаи Кировлесро истинтоқ кард.

Шоҳиди ҷониби ҳукумат-Опалев ба гуноҳаш иқрор шуда, моҳи декабри соли гузашта муҷозоти шартӣ гирифтааст. Навалний аз мухолифони сер сару садои президенти Русия Владимир Путин ба шумор меравад. Ӯ мегӯяд, муҳокимааш ҳадафҳои сиёсӣ дорад.
XS
SM
MD
LG