Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лаҳзаи сукут ба ёди журналистони шаҳид


Қироншоҳ Шарифзода, Раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон аз раҳбарони расонаҳои иттилоотӣ хоҳиш кардааст, ки рӯзи 3 май «Лаҳзаи сукут» эълон намоянд.
Қироншоҳ Шарифзода, Раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон зимни муроҷиатнома аз раҳбарони расонаҳои иттилоотӣ хоҳиш кардааст, ки ба ифтихори Рӯзи байналмилалии озодии матбуот – 3 май иқдомотеро роҳандозӣ кунанд. Вай хоҳиш кардааст, ки нашрияҳо перомуни вазъи озодии сухан ва муаммову пешомадҳои он матлабҳо ба нашр расонанд ва рамзан 1 ё 0,5 сутуни саҳифаи аввали нашрияҳоро бо зикри «Ёди журналистони фавтидаву ҳамкасбони шаҳиди роҳи озодии баён ҷовидон бод!» холӣ гузоранд. Ҳамзамон дархост намудааст, ки рӯзи 3 май ба хотири гиромидошти ёди журналистони фавтидаву ҳамкасбони шаҳиди роҳи озодии баён аз тариқи шабакаҳои радио ва телевизион «Лаҳзаи сукут» эълон намоянд.
XS
SM
MD
LG