Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвои марзии Боливия Осиёи Марказиро низ такон хоҳад дод


Дар байни ду кишвар – Боливия ва Чилӣ ҳодисае ба вуқӯъ пайваст, ки метавонад, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ намуна шавад.

Боливия, кишваре, ки аз чаҳор тараф бо хушкӣ иҳота шудааст, ҳамсояаш Чилиро барои дарёфти гузаргоҳ то Уқёнуси Ором ба Додгоҳи Ҳейг ё Гаага кашонид.

Вазири корҳои хориҷии Боливия Давид Чокюҳуанса рӯзи панҷшанбе дар Ҳейг гуфт, кившараш аризаи расмиро дар ин бора ба додгоҳ супорид. Дар он бозпас гирифтани замине талаб шудааст, ки бино бар созишномаи охири садаи 19 ва авоили қарни 20 ба Боливия ҳаққи гузар то уқёнусро медод.

Раисиҷумҳури Чилӣ Себастян Пинера дафъатан ба ин иқдом посух дод ва гуфт, кишвараш қатъиян ҳеҷ порча заминашро ба ҳамсояаш нахоҳад дод:“Ман ба мардуми худ кафолат медиҳам, ки то президент ҳастам, аз ҳар метри мураббаи замин ва баҳрамон бо тамоми қувва ва истифода аз ҳамаи қарордоду қонунҳои байнулмилалӣ дифоъ хоҳам кард.”

Бисёр кишварҳои муҳот ба хушка дар ҷаҳон гирифтори марзҳое ҳастанд, ки қудратҳои мустамликавӣ зиёда аз як аср пеш барояшон кашидаанд ва онҳо талошҳои Боливияро пайгирона думбол хоҳанд кард, ки чӣ натиҷа хоҳанд дод.

Осиёи дарунӣ, барои намуна, макони чандин хонигарӣ ва аморатҳо буд, ки дар иҳотаи ақвоми кӯчманчӣ ба сар мебурданд. Ин минтақа дар охирҳои садаи 19 ва аввалҳои қарни 20 ба давлатҳое ҷудо шуд, ки марзҳои “табартақсим”-и онҳо, махсусан дар водии Фарғона, ки байни Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон тақсим шудааст, сарчашмаи низоъ ба шумор меоянд.
Боливия даъвои худро бо он асоснок мекунад, ки дар поёни ҷанги солҳои 1879-1883 дар байни ду кишвар 400 километри соҳилӣ ва 120 000 километри мураббаъ қаламравашро аз даст дод. Чилӣ низ ба аҳдномаи соли 1904 такия мекунад, ки марзҳои байни ду давлатро муайян намуд.

Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар охири соли 1991, Чин муваффақона тавонист, бо такия ба харитаҳои қадимӣ ва даъвоҳои деринаи марзии худ заминҳоеро аз Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон бигирад.

Афғонистон низ маҳсули марзбандии тахминии бритониёиҳост, ки бо мадади мақомоти Русияи подшоҳӣ дар поёни садаи 19 анҷом ёфт ва акнун ба манбаи баҳс бо Покистон дар шарқ ва бо Эрон дар ҷануб табдил шудааст.

Ӯзбакистон яке аз ду кишвари ҷаҳон аст, ки ду мартаба бо хушкӣ иҳота шудааст, яъне байни он ва об дутоӣ кишвар мавҷуд аст. Кишвари дигари ҳамсон Лихтенштейн мебошад. Аммо замоне хонигарии Хива то ба Баҳри Капсий ё Хазар мерасид, аммо он акнун моли Қазоқистон ва Туркманистон аст.

Чанд кишвар таҳти сарварии Қазоқистон баҳсеро барпо карда буданд, ки бо каналҳое Каспийро бо Баҳри Сиёҳ васл кунанд ва соҳиби роҳи обӣ ба берун шаванд.

Ин кишварҳо ва чанд давлати дигар дар Африқо ба натиҷаи муҳокимаи додгоҳии Ҳейг таваҷҷуҳ хоҳанд кард. Агар Боливия ба мақсад расад, аз эҳтимол дур нест, ки онҳо низ садо баланд кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG