Пайвандҳои дастрасӣ

Латтукӯби ду сохтмончӣ дар Хоруғ


Гуруҳи номаълуме дар Хоруғ ду тан аз коргарони яке аз сохтмонҳоро мавриди латукӯб қарор додаанд, ки яке аз онҳо ҳамакнун дар бемористон ба сар мебарад.

Ба иттилои Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ, дар маҳаллаи Тирчиди ин шаҳр, гуруҳи номаълум ду сохтмончиёнро, ки дар инҷо кор мекарданд, мавриди латукӯб қарор доданд.

Дар натиҷа яке аз ҷабрдидаҳо ба дохили қисми марзбонии паноҳ бурд ва нафари дигар ба бемористони вилоятӣ мунтақил шудааст. Муноқиша шомгоҳи рӯзи 23-уми апрел дар ҳоле рух додаст, ки ин ду сохтмончӣ аз ҳаммом бармегаштанд.

Мудири шӯъбаи ҷарроҳии фаврии бемористони вилоятӣ Файзмамад Мирзобеков ба «Озодӣ» гуфт, ба ҷарроҳӣ ниёз набуд, вале ҷабрдида бояд зери муоинаи табибон бошад.

Ба гуфтаи вай, шахси воридшуда бо нишонаи зарби пӯшидаи мағзи сар бистарӣ буда, ҳолаташ мӯътадил мебошад. Оқои Мирзобеков гуфт, ки бемор тавассути телефони дастӣ бо наздиконаш дар яке аз минтақаҳои кишвар тамос гирифтааст.

Ба гуфти оқои Мирзобеков, дар робита ба ин ҳодиса вазорати тандурустии кишвар 3 тан аз мутахассисонро, ки пизишкҳои нерохирург, терапевт ва ҷарроҳ мебошанд ба Хоруғ равон карда ва айни ҳол онҳо дар Хоруғ қарор доранд ва аз ин бемористон дидан карданд.

Ҳамчунин раиси шаҳри Хоруғ Фаромӯз Имомбердиев, ки бо мошин ба манзури ширкат дар ҷаласаи муштараки парлумон ба Душанбе мерафт, аз ноҳияи Дарвоз баргардонида шуда, айни ҳол дар Хоруғ қарор дорад.

Ба иттилои Шӯбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ, шахсе ки ба қисми марзбонӣ даромада буд, осеби ҷиддӣ надидааст. Мақомоти интизомӣ мегӯянд, ҳамакнун дар ҷустуҷӯи омилони ин ҳамла мебоашанд.
XS
SM
MD
LG