Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саломатии Искандари Фирӯз беҳ шудаву «Озодӣ» ва "Азия Плюс" мехонад


Вазъи саломатии Искандари Фирӯз, хабарнигори Бӣ-Бӣ-Сӣ, ки ҳудуди 6 моҳ қабл дучори садамаи автомобилӣ шуда буд, беҳтар шудааст.

Искандари Фирӯз рӯзи 25-уми апрел дар суҳбати телефонӣ ба "Озодӣ" гуфт, ки дар манзилаш ба табобат машғул буда ва худро беҳтар ҳис мекунад. Вай мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир бо асобағал роҳ мегардад ва машқҳои хосе барои беҳтар шудани ҳаракати пойҳояш анҷом медиҳад: «Озодона менависам, мехонам, бо компютер кор мекунам.»

Искандар афзуд, бештари вақти худро ба хондани сомонаҳои «Озодӣ» , Бӣ-Бӣ-Сӣ ва «Азия плюс» мегузаронад: «Гоҳ вақт чанд мақолаи сомонаи Озодӣ, ББС ва расонаҳои дигарро, ки дар як мавзуъ ё ҳодиса бахшида шудаанд, таҳлил мекунам ва мақолаҳое барои худам менависам.»

Вай гуфт, бо раҳбари худ дар Бӣ-Бӣ-Сӣ тамос доштааст ва машварат кардаанд, ки то ду моҳи дигар ба табобат машғул бошад ва имкон дорад баъдан ба кори худ баргарадад. Искандар гуфт, дӯст дорад, ки ҳарчи зудтар ба фаъолияти журналистиаш оғоз кунад. Вай ба ҳамкасбони худ изҳори ташаккур кард, ки дар рӯзҳои мушкил дар канори вай буданд ва аз вай пуштибонӣ намуданд.

Искандар шаби 9-уми октябри соли гузашта ҳамроҳ бо писараш Ҷавоншер дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, чанд муддат дар ҳолати кома ё беҳушӣ дар бемористони Қарияи Боло қарор дошт. Баъд аз он ки вай ба ҳуш омад, ӯро барои ҷарроҳии пойҳояш, ки дар вақти садама осеб дида буданд, ба бемористони Ибни Сино оварданд.

Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар оғоз гуфтанд, ки дар ин қазия Айёмиддин Раҳмиддинзода муттаҳам аст. Баъдан, онҳо номи Насрулло Шарифовро баён доштанд, ки бидуни ваколатнома, худрави Айёмиддинро идора мекард ва ба садама дучор шудааст.

Моҳи декбари соли 2012 додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Насрулло Шарифовро дар садамаи Искандари Фирӯз муттаҳам дониста, ӯро ба се солу се моҳ дар "колонияи сукунатӣ" ҳукм кард.Наздикони Искандари Фирӯз ин ҳукмро "оддӣ" хонданд ва вакили дифои ӯ хост, барои нафари зери ҳимояаш беш аз 90 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарар пардохт шавад.
XS
SM
MD
LG