Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Русия ба саволҳои мардум ҷавоб дод


Президенти Русия Владимир Путин дар як мулоқоти анъанавии солона ба суолҳои мардуми ин кишвар ҷавоб дод. Шабакаҳои телевизионии Русия намоиши мустақими ҷавобҳои президент Путинро ташкил карданд. Путин 11 дафъа ба ҳайси президент ва сарвазири Русия чунин мулоқот доир намудааст. То рӯзи чоршанбе путин як миллиону 200 ҳазор саволи мардумиро тавассути телефон ва интернет дастрас карда буд. Соли гузашта Путин ба ҳайси сарвазири Русия дар тӯли 4 соату 32 дақиқа ба саволҳо посух дода буд.
XS
SM
MD
LG