Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боз як генерали қазоқ ҳабс шуд


Муовини фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Қазоқистон генерал Аскар Булдешев ҳабс шудааст.

Фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Қазоқистон генерал Александр Сорокин рӯзи панҷшанбе ба хабарнигорон гуфт, ки ӯ сабаби ҳабси муовинашро намедонад. Ба гуфти Сорокин Булдешевро Кумитаи амнияти миллӣ ҳбас кардааст.

Сорокин умед дорад, ки тафтиш бегуноҳии Булдешевро собит хоҳад кард. Рӯзи чоршанбе расонаҳои Қазоқистон гузориш доданд, ки Булдешев дар иртибот бо таъмири ҳавопаймоҳо ҳабс шудааст.

Моҳи январ Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон сарвари раёсати таъмини таҷҳизоти низомии ин кишвар генерал Алмос Асеновро бо иттиҳоми ришваситонӣ ҳабс карда буд.
XS
SM
MD
LG