Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тахриби манораи масҷиди Умавиён дар Ҳалаби Сурия


Масҷиди Умавиён дар Ҳалаби Сурия
Масҷиди Умавиён дар Ҳалаби Сурия
Дар шаҳри Ҳалаби Сурия манораи маъруфи асри XII тахриб шуд.
Ин манора дар масҷиди Умавиён, воқеъ дар минтақаи қадимаи шаҳри Ҳалаб ҷойгир буда, ба рӯйхати мероси ҷаҳонии муассисаи маориф, илм ва фарҳанги СММ (UNESCO) шомил мебошад.
Масҷид дар маркази бархӯрдҳои нерӯҳои ҳукумати Сурия ва мухолифин қарор дорад. Ҳар яке аз ҷонибҳои тарафи дигарро масъули тахриби дирӯзаи манора мешуморад. Як ҳафта пеш ҳам бархӯрдҳои нерӯҳои ҳукумат бо мухолифини Сурия ба ин масҷиди мусулмонони суннимазҳаб зиён расонида буданд. Аслан эътирозҳои зиддиҳукуматӣ, ки баъдан ба ошӯб табдил ёфтанд, дар канори ҳамин масҷид оғоз ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG