Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА:Тсарнаев зери назари мақомот қарор дошт


Мансабдорони ИМА мегӯянд, Идораи марказии кашфи ИМА (CIA)Термулан Тсарнаевро якуним сол пеш аз таркишҳои 15-уми апрел дар рӯйхати афроди муттаҳам бо пуштибонӣ аз терроризм ҷой дода буданд. Ҳафтаи гузашта ду таркиш дар дави марафонии Бостон ҳаёти се нафарро аз байн бурда, камаш 260 каси дигарро захмӣ намуданд.

Темурлан Тсарнаеви 26–сола ва бародари 19-солаи ӯ Ҷавҳар бо ин бомбгузорӣ муттаҳам мешаванд. Хадамоти тафтишоти ИМА (FBI) мегӯяд, ин ниҳод Термулан Тсарнаевро тафтиш карда буд, вале шаҳодате ёфт нашуд, ки ӯ таҳдид ба бор меорад.

Мансабдорони амрикоӣ, ки нахостанд, номашон ошкор шавад, ба хабарнигорон гуфтаанд, ки соли 2011-ум Идораи марказии кашфи ИМА баъди дарёфти маълумот аз Хадамоти федералии амнияти Русия (ФСБ), ӯро ба рӯйхати афроди мавриди нигаронӣ ҷой дода буд.

Ҳоло суол матраҳ шудааст, ки чаро мақомоти фаъолиятҳои Тсарнаевро мавриди таҳқиқи ҷиддитаре қарор надоданд. Термулан Тсарнаев рӯзи ҷумъаи гузашта ҳангоми амалиёти боздошт ба ҳалокат расид. Бародараш Ҷавҳар бошад, бо терроризм ва истифодаи силоҳи куштори дастаҷамъӣ муттаҳам мешавад.

Аммо рӯзи панҷшанбе дар як сӯҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Махачқалъа волидайни бародарон Тсарнаевҳо Анзор Тсарнаев ва Зубайда Тсарнаева гуфтанд, ки фарзандонашон ҳеҷ гуноҳе надранду ин ҳама саҳнасозии мақомоти Амрико мебошад.
XS
SM
MD
LG