Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Восеъ. Номзадҳо барои таблиғ пул надоранд


Мақари телевизиони "Мавҷи Озод" дар ноҳияи Восеъ.

Мақари телевизиони "Мавҷи Озод" дар ноҳияи Восеъ.

Ҳеҷ номзади интихоботи миёндаврии Восеъ розӣ нашудааст, то худро тариқи телевизиони маҳаллии «Мавҷи Озод» тарғиб кунад.

Хоҷа Назриев, сардабири шабакаи телевизионии "Мавҷи Озод" мегӯянд, онҳо борҳо аз вохӯрии номзадҳо гузоришҳо пахш кардаанд, вале ба муроҷиати онҳо, ки «Мавҷи Озод» омодааст, ба ҳар номзад минбари ҷудогона диҳад, ҳатто бо арзонтарин нарх розӣ нашудаанд.

"Мавҷи Озод" шабакаи мустақили телевизиони маҳалиест, ки тамоми сокинони Восеъ онро тамошо мекунанд.

Аммо дар ин миён танҳо Раҷаби Мирзо аз тарғиби матбуот истифода кардааст ва боқӣ номзадҳо чунин тарғиботро нозарур дониста, ба вохӯрӣ бо мардум қаноат мекунанд. Сабаби истифода накардан аз телевизион барои ташвиқи интихоботӣ мушкилоти молӣ унвон мешавад. Ин ҳам дар ҳоле, ки номзадҳои интихоботӣ то 4 май имкони ташвиқу тарғиботи пешазинтихоботиро доранд.

Дар ҳавзаи №39, Восеъ Ибодулло Неъматов, аз Ҳизби халқӣ-демократӣ, Зайниддин Сафаров, аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва Раҷаб Мараимов, рӯзноманигори маъруф ва Ҷӯрабек Қурбонов, мудири Идораи ҳифзи иҷтимоии минтақаи Кӯлоб, ба таври худпешбарӣ ба унвони номзад пешбарӣ шудаанд.

Қарор аст, интихоботи миёндаврӣ дар ин ҳавза ба таърихи 5-уми майи соли ҷорӣ баргузор шавад.

Интихобот дар ҳавзаи 39-и Восеъ дар ҳоле сурат мегирад, ки Рустам Латипов, намояндаи Ҳизби аграрӣ ва собиқ вакили парлумон аз ин ҳавза, раиси ноҳия интихоб шуд ва курсиаш дар парлумони кишвар холӣ монд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG