Пайвандҳои дастрасӣ

ҲНИТ мегӯяд, фишор алайҳи онҳо бештар шудааст


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, ки бо наздик шудани ҷашни 40-солагии таъсисёбии ҳизб, фишорҳои мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ болои онҳо бештар шудааст.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи ҲНИТ дар мавриди фишорҳо дар остонаи таҷлили ҳизб гуфт, ки аз ҷумла рӯзи душанбе раиси шаҳри Ваҳдат намояндаи онҳоро дар ин минтақа даъват намуда гуфтааст, ки дар маросими таҷлили 40 солагии таъсисёбии ҲНИТ, ки қарор аст рӯзи 27- апрел баргузор шавад ширкат накунад ва дигар аъзои ҳизб дар шаҳрро низ нагузорад ба пойтахт раванд.

Ҳикматулло Сайфуллозода мегӯяд, ки қарор буд, ки ҷасалаи навбатии раёсати ин ҳизб рӯзи 24-уми апрели дар ноҳияи Айнӣ баргузор шавад, аммо мақомоти маҳаллӣ монеи баргузории он шудаанд.

Дар ҳамин ҳол намояндагони Кумитаи дин бо як ҳайати 15 нафараи мақомоти санитарӣ, сӯхторхомӯшкунӣ ва умури дохила ба дафтари вилоятии ҳизб дар Суғд дохил шуда, вазъи онро мавриди тафтиш қарор додааанд.

Наимҷон Самиев, раиси бахши вилоятии ҲНИТ дар Суғд рӯзи 25-уми апрел ба «Озодӣ» гуфт, ки субҳи чоршанбе намояндаи Кумитаи дин бо як ҳайати 15 нафараи мақомот ба маркази вилоятии ҳизб дар Суғд дохил шуда, ному насаб ва рақамҳои телефони бонувони ҳизбие, ки дар он ҷо ҷаласа мегузарондаанд, гирифта, яке аз он бонувон, Тахмина Баҳриддиноваро бо худ бурда буданд. Наимҷон Самиев меафзояд, ки пас аз чанд муддати таҳқиҳ, Таҳмина Баҳридоноваро озод карда, шавҳарашро боздошт карданд.
XS
SM
MD
LG