Пайвандҳои дастрасӣ

Дар як деҳаи ноҳияи Мӯъминобод пас аз маъвизаи рӯҳоние 50 дарсади сокинон ҳамсарони худро дубора никоҳи мусалмонӣ кардаанд.

Ин рӯҳонӣ, ки мақомот аз он ном намебаранд, гуфтааст, ҳар нафаре дар гузашта «тӯи комсомолӣ» карда бошад, “занаш талоқ ва фарзандонаш ҳаромӣ”-янд.

Муовини сардори Раёсати тафтиши парвандаҳои махсусан муҳими Додситонии кулли Тоҷикистон Фаррух Рауфов гуфт, рӯзноманигорон бояд аз нашри ҳарфҳои рӯҳоние, ки дар ҷомеа нооромии иҷтимоӣ ба бор меорад, парҳез кунанд. Ба гуфтаи ӯ, агар чунин ҳарфҳо аз ҷониби рӯзноманигорон паҳн шавад, дар ҷомеа нофаҳмӣ ва оқибати нохуб ба бор хоҳад овард.

Бо зикри ин намуна, ҷаноби Рауфов гуфт: «Ин аст, таъсири як маъвизаи динӣ. Агар таҳлил кунем, имрӯз баъзе аз намояндагони динӣ бо маъвизаҳои худ ба зуҳуроти экстремизм ё ифротгароӣ хеле наздикӣ кардаанд. Намояндагони Васоити ахбори умум дар якҷоягӣ бо мақомоти дигар ба чунин зуҳуроти номатлуб бояд мубориза баранд. Мо дар давлати дунявӣ қарор дорем.»

Чаҳор сокини ин деҳаи ноҳияи Мӯъминобод рух додани чунин ҳодисаро тасдиқ карданд. Ҳангоми сӯҳбат яке аз онҳо, ки нахост номи худу деҳаашонро сабт кунем, гуфт, дар асл онҳо кори нодурусте накардаанд. Ӯ гуфт, пас аз шунидани ин маъвиза дар дилашон шубҳа пайдо шудааст ва дар ислом омадааст, ки ҳангоми шубҳа мусалмон метавонад, дубора никоҳ кунад.

Аммо масъулин мегӯянд, ҳамеша талош мекунанд, то рӯҳониён бештар маъвизаҳои созанда дошта бошанд. Кумитаи дини Тоҷикистон мавзӯъҳои вазъи рӯҳониёнро ба танзим овардааст. Шариф Абдулҳамидов, сармутахассиси Шӯъбаи кор бо дин дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, мардум ба рӯҳониён эътиқод доранд ва дар аксар маврид ҳарфи дуруст ё нодурусти онҳоро ташхис карда наметавонанд. Аз ин рӯ, дар ҳар ҷаласа бо рӯҳониён таъкид мешавад, то суханҳои худро санҷида ва дар асоси далелҳои дуруст бо мардум бигӯянд. Ба гуфтаи Абдулҳамидов, омода кардани маъвизаҳо ва мувофиқа кардани онҳо бо Кумитаи дин, маҳз ба хотири пешгирӣ аз чунин «ҳарфҳои сӯзанда» аст.

Аксари рӯҳониёни минтақаи Кӯлоб мегӯянд, ҳар ҳарфе, ки онҳо ба мардум мерасонанд, фармудаҳои Худованд аст, ки дар китоби муқаддаси мусалмонон-Қуръон зикр шудааст. Ҷавонони минтақа ба мавъизаҳои Ҳоҷӣ Мирзо, ки ҳамчунин бо иқтибос аз адабиёти классикӣ ороиш меёфтанд, дилбастагии хос доштанд. Аммо чанд сол аст, вазъ гуфтан ба ӯ манъ шудааст.

Маҳмадшариф Набиев, масъули ҲНИТ дар минтақи Кӯлоб

Маҳмадшариф Набиев, масъули ҲНИТ дар минтақи Кӯлоб

Маҳмадшариф Набиев, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, расонидани каломи Худованд ба мардум фарз аст, аммо набояд дар расонидани он иштибоҳ кард: «Вақте, ки одам маъвиза мекунад ё як чиза мегӯяд, ҳамон ауторияро бояд омӯзад, ки дар кадом сатҳ қарор доранд. Ҳоло он ки ҷомеаи мо ниёз дорад, ба ояҳое, ки нахуст якаву ягонагии Худоро мешиносонад. Дар дини мубини ислом аввал худшиносӣ ҳаст, дуввум Худошиносӣ ва баъдан Худопарастӣ. Ду марҳилаи аввалро тай нокарда, ба марҳалаи сеюм гузаштан айни ҳамон аст, ки бе хондани курси ронандагӣ, ронандагӣ мекунӣ.»

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, ҳукумати кишвар дар чанд соли ахир рӯҳониёнро, ки суханашон таъсири зиёде ба ҳаёти мардум дорад, ҷиддан назорат мекунад, то аз забони онҳо ҳарфе садо надиҳад, ки оромии ҷомеаро ба ҳам занад.

Билоли Шамс, рӯзноманигори маҳаллӣ дар ин бора мегӯяд: «Мардум сахт ба ҳарфи рӯҳониён бовар доранд ва ба назар мерасад, ки ҳукумат танҳо аз ин қишри ҷомеа хатар эҳсос мекунад. Яъне, ҳоло масъулини мо чунин назар доранд, ки ҳар хатаре, ки сар мезанад, ба ҳамин гуфтаву рафтори рӯҳониён сар мезананд. Ба ин хотир эҳсос мешавад, ки масъулин барои ҷилавгирӣ ва ба истилоҳе безарар кардани мавъизаҳои рӯҳониён талоши бештар мекунанд.»

Дар як назарсанҷие, ки чанде пеш шабакаи “Тоҷнюз” анҷом дод, посухдиҳандагон гуфтанд, эътибори мулло дар ҷомеаи муосири тоҷик аз обрӯи намояндагони дигар пешаҳо ба маротиб бештар аст. Дар чунин ҳол маълум нест, таъкиди намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон, ки рӯзноманигорон ҳангоми интишори ҳарфи рӯҳониён оқибати онро андеша кунанд, чӣ андоза таъсир хоҳад дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG