Пайвандҳои дастрасӣ

Заминларзаву сели пурқурбонӣ дар Афғонистон


Ба гуфтаи дафтари маҳаллии Ҳилоли Аҳмар, бар асари заминларза дар вилояти Нангарҳори Афғонистон 12 тан ҳалок шудаанд. Вазорати беҳдошт дар бораи маҷрӯҳ шудани беш аз 100 тан дар ин вилоят хабар медиҳад. Маркази ин зилзила атрофи Меҳтарлом, маркази вилояти бо Нангарҳор ҳамсояи Лағмон будааст. Ҳамин тавр, дирӯз бар асари сел дар вилояти Балх дар шимоли Афғонистон дастикам 13 кас ҷон бохта, дастикам 5 тани дигар бенишон шудаанд.
XS
SM
MD
LG